Дар пайи газ бензин ҳам дар Тоҷикистон арзон шуд

Date:

Рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон поинравии назарраси нархи бензин ба мушоҳида мерасад. Навъи маъмули ин сӯзишворӣ – АИ-92 акнун 9,5 сомонӣ (1 литр) нарх дорад, ки нисбат ба нархи як моҳ пеш 1-1,5 сомонӣ пасттар аст. Як моҳ пеш 1 литри ин навъи бензин 10,5-11 сомониро ташкил медод. Бензини нави АИ-95, ки пештар 11 сомонӣ нарх дошт, акнун 9,9 сомонӣ (1 литр) фурӯхта мешавад.

Коршиносон сабаби каме арзоншавии бензинро ба поинравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ нисбат медиҳанд. Айни замон 100 доллар расман ба ҳудуди 1012 сомонӣ баробар аст.

Маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон оварда мешавад. Қобили зикр аст, ки тағйирёбии қурби асъор ба арзиши воридот таъсири назаррас мерасонад. Лекин болоравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ, дар ояндаи наздик метавонад ба гароншавии бензин оварда расонад.

Ғайр аз ин, тамоюли поинравии нархро ба омили мавсимӣ – ба охир расидани корҳои кишоварзӣ ва мавсими киштукор рабт медиҳанд.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумрук, аз оғози соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 117,4 млн доллар зиёда аз 154 ҳазор тонна бензини навъи АИ-92 ворид карда шудааст.

Дар давоми тамоми соли 2024 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 829,4 млн доллар 1 млн 52,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст.

Тоҷикистон кишвари вобаста ба воридоти сӯзишворӣ боқӣ мемонад: 86%-и маҳсулоти нафтӣ аз Русия ва ҳудуди 90%-и гази моеъ аз Қазоқистон оварда мешавад. Ин гуна тамаркузи таъминот (интиқол) иқтисоди кишварро ба тағйирот дар бозорҳои хориҷӣ ва қурбҳои асъор ҳассос мегардонад.

Бозигари нисбатан бузург дар ин бозор ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” боқӣ мемонад, ки бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳудуди 45%-и бозори маҳсулоти нафтиро зери назорат дорад. Танҳо дар соли гузашта ба ҳиссаи ин ширкат 45,8% аз ҳаҷми умумии бензин ва 45,3% – аз ҳаҷми умумии сӯзишвории дизелӣ (солярка) рост меояд.

Ҳиссаҳои боқимондаи бозори мазкур тариқи зайл тақсим шудааст:

Агентии давлатии захираҳои моддӣ – ҳудуди 10%;

«Се ганҷ» — ҳудуди 9%;

«Темур Ойл» — ҳудуди 7%;

«Ҳабиб Ойл» — ҳудуди 6%;

«Аллат» — ҳудуди 3%;

«Баҳор» — каме бештар аз 2%;

Дигар ширкатҳо — ҳудуди 18%.

Қаблан хабар дода будем, ки арзиши гази моеъ низ дар Тоҷикистон қариб ба миқдори 1 сомонӣ поин рафт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...