Гази моеъ қариб 1 сомонӣ арзон шудааст. Вазорати энергетика сабаби коҳиши нархро шарҳ дод

Дар як ҳафтаи охир арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон наздики 1 сомонӣ арзон шудааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сабаби онро "коҳиши нархи газ дар кишварҳои содиркунанда" унвон кард. Имрӯз, 16-уми июн, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе нархи 1 литр гази моеъ 6 – 6,10 сомонӣ аст. Аз ҷумла, ширкатҳои “Газпром нефт Тоҷикистон” ва […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дар як ҳафтаи охир арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон наздики 1 сомонӣ арзон шудааст. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сабаби онро "коҳиши нархи газ дар кишварҳои содиркунанда" унвон кард.

Имрӯз, 16-уми июн, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Душанбе нархи 1 литр гази моеъ 6 – 6,10 сомонӣ аст. Аз ҷумла, ширкатҳои “Газпром нефт Тоҷикистон” ва “Ориё” 1 литр газро 6 сомониву 10 дирам ва дигар ширкатҳо 6 сомонӣ ба фурӯш гузоштаанд.

Як ҳафта қабл нархи гази моеъ дар пойтахт 6 сомониву 80 дирам буд.

Дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон, дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ҳам, арзиши гази моеъ ба мисли пойтахт аст. 1 литр газ дар ширкатҳои “Газпром нефт Тоҷикистон” ва “Сеганҷ” 6 сомониву 10 дирам ва дар боқии фурӯшгоҳҳо 6 сомонӣ аст.

Ҳафтаи гузашта, нархи 1 литр гази моеъ дар Хуҷанд 6 сомониву 70 дирам ва дар Бохтар 6 сомониву 80 дирам буд.

Маҳмуд Баҳром, сухангӯи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” сабаби арзон шудани арзиши гази моеъро ба кишварҳои содиркунанда рабт дод.

"Дар кишварҳои содиркунанда, ба мисли Русия ва Қазоқистон арзиши гази моеъ арзон шудааст, бинобар ин, дар Тоҷикистон ҳам нархи он арзон шуд”, – гуфт ӯ.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки бо зиёд шудани шумораи электромобилҳо дар Тоҷикистон, талабот ба гази моеъ камтар шудааст, ки ин ҳам як сабаби коҳиши арзиши гази моеъ буда метавонад.

Ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳудуди 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебаранд, ки нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар мебошад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб маҳсулоти нафтиро аз Русия бидуни боҷ мегирад. Зиёда аз 61%-и гази моеъ аз Русия ва ҳудуди 39%-аш – аз Қазоқистон ворид шудааст. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 92,4% маҳсулоти нафтӣ ва 61,1% гази моеъ ба ҷумҳурӣ маҳз аз Русия ворид шудааст.

Дар Тоҷикистон сари чанд вақт нархи сӯзишворӣ, махсусан гази моеъ ва бензин боло меравад ва мутаносибан нархи роҳкиро ва хидматрасонии дигар низ гарон мешавад. Вале баъди чанд вақт, замоне ки нархи сӯзишворӣ поин мешавад, нархи роҳкиро ва дигар хидматраосниҳо бетағйир боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.