Боздошти собиқ директори мактаб дар Ашт барои тасарруфи маблағҳои буҷетӣ тавассути “ҷонҳои мурда”

Пулиси вилояти Суғд директори пешини мактаби №45-и ноҳияи Аштро боздошт кардааст, ки ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ тавассути “ҷонҳои мурда” гумонбар мешавад. Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” аз ин шахс Мирзосаид Маҳмудови 40 сола ном бурда, гуфтааст, ки ӯ “дар шаш ҳолат беш аз 17 ҳазор сомонии буҷетро тасарруф кардааст”. “Гумонбаршуда […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Пулиси вилояти Суғд директори пешини мактаби №45-и ноҳияи Аштро боздошт кардааст, ки ба тасарруфи маблағҳои буҷетӣ тавассути “ҷонҳои мурда” гумонбар мешавад.

Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” аз ин шахс Мирзосаид Маҳмудови 40 сола ном бурда, гуфтааст, ки ӯ “дар шаш ҳолат беш аз 17 ҳазор сомонии буҷетро тасарруф кардааст”.

“Гумонбаршуда аз моҳи августи соли 2017 то моҳи январи соли 2025 дар вазифаи директори мактаб фаъолият карда, бо истифода аз ваколатҳои мансаби маблағҳои буҷетиро тасарруф кардааст. Аз ҷумла ӯ изофанависӣ карда, дар чанд ҳолат ба нафаре, ки умуман дар мактаб кор накардааст, музди меҳнат навишта, худаш гирифтааст”, – гуфта шудааст дар барнома.

Мақомот гуфтааст, ки собиқ директор ба номи муаллимони фанҳои биология, ҷуғрофия ва алифбои ниёгон дар табели мусоҳиботӣ соати иловагӣ ворид карда, вале маблағи онҳоро аз худ мекардааст.

Инчунин, Мирзосаид Маҳмудов дар воҳидии кории дарбон “ҷони мурда” таъин намудааст. Вай ба номи дарбон  900 сомонӣ маош навишта давоми 7 моҳ 6 ҳазору 300 сомониро худаш гирифтааст.

Худи Маҳмудов дар навор гуфтааст, ки имкони дорад, ки маблағи заруриро барқарор кунад. Ин иқрор таҳти чӣ шароит сабт шудааст маълум нест.

Ҳоло нисбати Маҳмудов Мирзосаид барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ё моддаи 245 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ҳоло дар боздошт аст.

Ёдовар мешавем, ки тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар мактабҳо бори аввал нест. Аз ҷумла соли 2024 сармуҳосиби мактаби №27-и ноҳияи Ашт аз ҳисоби варақаи корношоямӣ ба номи худ 42,618 сомонӣ санад карда, тасарруф карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.