ЧОРАБИНИҲОИ 25 ИЮН
– Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо мақсади ширкат дар ҷашни ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон меравад. Қарор аст, ки он 3 рӯз идома кунад ва чанд иншоот дар ҳудуди вилоят ифтитоҳ гардад.
– Имрӯз соати 10:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоиши аксҳои Заур Дахте, филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик баргузор мегардад. Намоишгоҳ як ҳафта идома мекунад ва алоқамандон метавонанд аксҳои ӯро тамошо ва харидорӣ кунанд.
– Имрӯз дар шаҳри Дубай рақобати дуюми дӯстона миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад. Дар бозии якуми дӯстона байни ин ду тим, ки рӯзи 23-юми июн доир шуд, мунтахаби футзали Тоҷикистон Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 ИЮН
Соли 2007 – Дар Душанбе меҳмонхонаи нав бо номи “Asia Grand Hotel” ба истифода дода шуд.
Соли 2008 – Хати интиқоли барқи “Лолазор-Хатлон” ба кор дароварда шуд.
Соли 2009 – Додгоҳи шаҳри Душанбе Тағойназар Солеҳов, бародари собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Маҳмадназар Солеҳовро бо иттиҳоми куштор ва нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ 15 солу 6 моҳ ба зиндон маҳкум кард.
Соли 2018 – Дар Душанбе бузургтарин терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба фаъолият оғоз кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Зодрӯзи Субҳон Амирқулов, адабиётшиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.
Соли 1937 – Мавлуди Худоӣ Шарифзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик.
Худоӣ Шарифзода дар адабиётшиносӣ ва нақди адабии муосир аз ҷумлаи чеҳраҳои маъруфу мондагор ба шумор меравад. Аз ӯ ба унвони пайвандгари насли аввал ва дувуми адабиётшиносони тоҷик ном мебаранд. Фаъолияти адабпажӯҳии ӯ баъд аз дифои рисолаи докторӣ, ки ба давраи тағйири низоми Шӯравӣ ва боз шудани чаҳорчӯбаҳои танги мафкуравии замон рост меояд, боз ҳам паҳнои васеъ пайдо кардааст. Худоӣ Шарифзода бо пажуҳиши машҳураш бо номи “Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ” дар ҳавзаи форсибазонон шуҳрати беандоза касб карда буд.
Дар радифи адабиётшиносию нақди адабӣ таваҷҷуҳи ӯро масъалаҳои марбут ба афкори адабию назарии асримиёнагӣ, танқиди адабӣ, фолклор, осори манзуму мансури классикӣ, назму насри адабиёти муосири тоҷик ва ҷомеашинохтии забони тоҷикӣ низ ҷалб карданд.
Инчунин, китобҳои “Мақоми Ибни Сино дар шеъру адаби тоҷик” (ҳамроҳи Ш. Ҳусейнзода), “Каломи бадеъ”, “Ҳакими суханвар” (ҳамроҳи А. Маниёзов), “Рози ҷаҳон”, “Савти Аҷам”, “Балоғат ва суханварӣ”, “Назарияи наср” ва “Сездаҳ мақола” дар адабиётшиносии тоҷик асарҳои тозаву беназиранд.
Шарифзода қалами хешро дар эҷоди насри бадеӣ ҳам санҷидааст. Ба қалами ӯ як силсила ҳикояҳо тасниф шудаанд, ки қаблан дар рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” ва маҷаллаи “Садои Шарқ” чоп шуда, соли 2017 дар китоби “Ёддоштҳо ва ҳикояҳои воқеӣ” манзури доираи васеи хонандагон қарор дода шуд.
Худоӣ Шарифзода 29-уми октябри соли 2017 дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1946 – Зодрӯзи Гуландом Сафаралиева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Гуландом Сафаралиева, ки беш аз чор даҳсола дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба сифати ҳунарпеша заҳмат кашидааст, хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе аст. Ӯ беш аз 70 симо дар саҳнаи театр офарида, симои худро дар таърихи санъати тоҷик абадӣ гардонидааст.
Ӯ дар намоишномаҳои “Ҳуррият”, “Хизматгори ду хоҷа”, “Ваня тағо”, “Гамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тӯй”, “Имтиҳон”, “Бой ва хидматгор”, “Охирин арӯси амиралмӯъминин”, “Зебунисо” ва ғайра нақшҳои ҷолиб офаридааст.
Соли 1953 – Мавлуди Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд ва вазири пешини кишоварзии Тоҷикистон.
Абдураҳмон Қодирӣ хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо ихтисоси аграноми олим-иқтисодчӣ буда, фаъолияти кориашро соли 1975 ба сифати иқтисодчӣ дар яке аз колхозҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст. Солҳо дар вазифаҳои гуногун дар бахши хоҷагии қишлоқи вилоят ба фаъолият пардохта, солҳои 1993-1995 муовини якуми раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 1995-1996 муовини сардори Раёсати хоҷагии қишлоқи вилоят буд.
Абдураҳмон Қодирӣ аз соли 1996 то соли 2002 муовини раиси вилояти Суғд ва то соли 2004 муовини аввали раиси вилоят буд.
Як муддат вазифаи раисии ноҳияи Зафарободро ба зимма дошт ва соли 2006 вазири кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Тоҷикистон таъйин гардид. Баъди ду сол муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин гардида, то соли 2014 кор кард.
Абдураҳмон Қодирӣ моҳи феврали соли 2014 раиси вилояти Суғд таъин гардид ва то 13 январи соли 2018 дар ин мақом буд.
Соли 1958 – Зодрӯзи Абдураҳмон Маҳмадов, муовини пешини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми сиёсатшиносӣ.
Соли 1997 – Сотим Улуғзода, нависандаи барҷастаи тоҷик дар 85-солагӣ аз олам чашм баст.
Сотим Улуғзода яке аз нависандагони барҷастаи тоҷик аст, ки адабиёти асри бистро бидуни эҷодиёти ин устод ва донишманди бузург наметавон тасаввур кард. Осори Улуғзода ҳам дар паҳнои пасошӯравӣ ва ҳам дар Эрону Афғонистон баҳои сазовор гирифтааст.
Сотим Улуғзода бо асарҳое, чун “Субҳи ҷавонии мо”, “Қисмати шоир”, “Фирдавсӣ”, “Ривояти суғдӣ”, “Марги Ҳофиз” ва “Восеъ” шӯҳратёр аст.
Ӯ, ки зодаи Намангони Ӯзбекистон аст, соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – Сталинобод (Душанбеи ҳозира) омада, дар идораи рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалистӣ” (ҳоло “Садои Шарқ”) фаъолият мекунад.
Солҳои 1934-1937 котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ ӯ ба сафаи Қувваҳои Мусуллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи артиш ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Сотим Улуғзода дар солҳои 70, баъди ба Бритониё рафтани писараш Азиз таҳти таъқиби мақомот қарор гирифт ва чандин муддат нашри китобҳояш манъ шуда буд. Ӯ дар поёни соли 1992, бо оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Маскав кӯч баст ва соли 1997 дар ғурбат даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳамасола 25-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии баҳрнавардон таҷлил мегардад. Мақсади ҷашн қадрдонии саҳми маллоҳон дар рушди тиҷорати байналмилалӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ тавассути киштиҳои тиҷоратӣ анҷом меёбад.
25-уми июни соли 1876 моҳигири амрикоӣ Алфред Йенсен аз деҳаи Глостер (иёлати Ню-Джерсӣ) бо заврақи худ бо номи “Садсола” нахустин касе шуд, ки кӯшиш кард Уқёнуси Атлантикро ба танҳоӣ убур намояд. Ин кор ба ифтихори 100-солагии истиқлолияти ИМА анҷом дода шуд. Ӯ бо худ танҳо хӯрок ва об барои се моҳ, харитаҳои баҳрӣ ва маводи зарурӣ гирифт.
Пас аз 13 рӯз шиддати тӯфон қисме аз захираҳояшро нобуд кард. 10 августи ҳамон сол, пас аз 46 рӯз, Йенсен ба бандари Аберасл (Уэлс) расид. Баъдан ӯ соҳиби киштии калони моҳигирӣ шуд ва солҳои зиёд ба моҳидорӣ дар соҳилҳои Нюфаундленд машғул гардид.
25-уми июни соли 1950 ҷанги Корея оғоз ёфт. Артиши Кореяи Шимолӣ бо пуштибонии тӯпхона сарҳади Кореяи Ҷанубиро гузашт ва дар муддати кӯтоҳ қисмати зиёди кишварро бо пойтахташ Сеул ишғол кард. 16-уми сентябр нерӯҳои амрикоӣ ба соҳили ғарбии нимҷазира фуруд омаданд. Дар зимистони 1950 Чин ба кӯмаки Кореяи Шимолӣ омад ва ба артиши ИМА зарба зад. Ҷанг се сол идома ёфт ва 27 июли 1953 бо созишномаи оташбас дар Панмунҷчом анҷомид.
25-уми июни соли 2009 Майкл Ҷексон, овозхони маъруфи амрикоӣ, ки “Подшоҳи мусиқии поп” дониста мешавад, дар 50-солагӣ дар Лос-Анҷелес бар асари сактаи дил даргузашт. Ӯ аз хурдӣ бо гурӯҳи "The Jackson" 5 шӯҳрат ёфт. Дар соли 1982 албоми машҳури ӯ "Thriller" ба фурӯши беш аз 40 миллион нусха даст ёфт ва ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Ҷексон соҳиби 19 ҷоизаи “Грэмми” буд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 25 ИЮНИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14º гарм, рӯзона 26+31º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 24+29º гарм, рӯзона 38+43º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 36+41º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 25+30º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8º гарм, рӯзона 18+23º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 39+41º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 24+26º гарм, рӯзона 40+42º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 32+34º гарм.ъ


