Гаронтарин футболбози Осиёи Марказӣ кист?

Date:

Аз рӯйи арзиши гузариш (трансферӣ) дар минтақаи Осиёи Марказӣ, Достон Сатпаев, ҳамлагари 16-солаи тими “Кайрат”-и Олмотӣ ва мунтахаби наврасони Қазоқистон ба зинаи аввали радабандӣ аст.

Бино ба маълумоти нави портали "Transfermarkt", арзиши ин футболбози ҷавон аз 500 ҳазор то 1,8 млн евро боло рафтааст.

Ин на танҳо барои Қазоқистон, балки соҳаи футболи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи рекордӣ аст.

Ҳамлагари ҷавон аз зинаҳои аввали радабандии гузашта – дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов (“Ростов”-и Русия) ва футболбози Ӯзбекистон Абдувоҳид Неъматов (“Насаф”) пеш гузашт. Ин ду футболбоз ҳар кадоме 1,5 млн евро нарх доштанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Нархи ӯ аз аз 500 ҳазор якбора то 1,8 млн евро боло рафт

Паҳлӯи онҳо як футболбози “Насаф” – нимҳимоятгар Акмал Мозговой қарор дорад, ки арзиши ӯ низ чанде пеш то 1,5 млн евро зиёд шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акмал Мозговой

Гуфта мешавад, дар пасманзари ҳунарнамоии муваффақонаи ин бозингарон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё ва дар ҳайати тими мунтахаби Ӯзбекистон, арзиши онҳо метавонад боз баландтар шавад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон сарфи назар аз поинравии нарх то 500 ҳазор евро, гаронтарин футболбоз Алишер Ҷалилов аз “Истиқлол”-и Душанбе боқӣ мемонад. Дар ҳайати дастаи қаҳрамони кишвар ва мунтахабаи ҷумҳурӣ ӯ яке аз бозигарони калидӣ мебошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алишер Ҷалилов

Гаронтарин футболбоз дар Қирғизистон ҳимоятгари дастаи “Абдиш-Ота” Христиан Браузман эътироф шудааст, ки 450 ҳазор евро нарх дорад.

Ин ягона намояндаи мусобиқоти қаҳрамонии Қирғизистон аст, ки ба рӯйхати "Transfermarkt" бо арзиши зиёда аз 400 ҳазор шомил гардидааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Христиан Браузман

Дар Туркманистон якбора се нафар дар сатрҳои аввали рӯйхат қарор доранд, ки ҳар кадоме 200 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд: Салим Нурмуродов (“Олтин Асир”), Мекан Сафаров ва Олтимурод Аннадурдиев аз тими қаҳрамони ин кишвар – “Аркадаг”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Салим Нурмуродов

Қобили зикр аст, ки арзиши ҳамлагари тими “Тобол”-и Қазоқистон Ислом Чесноков низ аз 900 ҳазор то 1 млн евро боло рафтааст. Лекин ба ақидаи мухлисони маҳаллӣ, бо назардошти сатҳи ҳунарнамоии ӯ, ин нарх ҳоло кофӣ нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ислом Чесноков

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...