Дар ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд як марди 38-соларо дар пеши чашми фарзандонаш куштаанд. Мақомот мегӯянд, ҳарчанд “гиреҳи ҷиноят кушода шудаааст”, вале гумонбаронро то ҳол дастгир накардаанд.
Туйчибой Отамуродзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулхона имрӯз, 2-юми июл дар суҳбати телефонӣ ба “Азия-Плюс” ҳодисаи кушторро тасдиқ кард ва гуфт, ки он соати 2-2:30 шаби 28-уми июн дар деҳаи Саричашмаи ин ҷамоат рух додааст.
“Шахсони номаълум ба манзили истиқоматии Зариф Абдураҳимов даромада, ӯро бо зарби 3-4 корд куштаанд. Қотилон аз марҳум пул талаб кардаанд. Маълум нест, ки пал ёфтаанд ё не. Вале ба даҳони фарзандони 14-ва 16 солаи марҳум “скотч” баста, бо занҷир латукуб кардаанд. Ҳолати фарзандон ҳоло хуб буда, таҳти назорат ва табобати духтурҳо қарор доранд”, гуфт ӯ.
Ин масъули ҷамоат дар робита ба ҳодиса шарҳи бештар надод. Ҳамин тариқ, маълум нест, ки ҷасади марҳум ва фарзандони ӯро кӣ пайдо кардааст ва дар ин вақти ҳамсари марҳум дар куҷо буд.
Зариф Абдураҳимов 38 сола буд, соҳиби 3 фарзанд аст.
Суҳроб Сатторзода, муовини додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, “гиреҳи ҷиноят кушода шуда, тафтишот идома дорад”.
Ӯ ба хотири халал ворид накардан ба рафти тафтишот аз додани иттилои бештар худдорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд аст.
ВКД далелҳои афзоиши куштор ва суиқасд ба ҷони одамонро шарҳ надод. Вале эҳтимол кушторҳои пайидарпайи Конибодом, ки давоми соли гузашта рух доданд, сабаби афзудани ин ҷинояти сангин дар кишвар шудааст.
Дар пайи ин кушторҳо дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Додситонии кул дар пайванд ба ин кушторҳо 4 нафарро боздошт карда, тафтишот то ҳол идома дорад.


