Бозори “Рузвай” – манбаи даромад барои сокинони ду соҳили Ому. Гузориш аз бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон

Бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дар Дарвоз охири ҳар ҳафта ба майдони мубодилаи тиҷорӣ ва робитаҳои иҷтимоии сокинони ду соҳили дарёи Ому табдил меёбад. Бозор дар деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҳукумати Тоҷикистон охири ҳар ҳафта ба гурӯҳе аз сокинони Афғонистон иҷоза медиҳад, ки вориди Тоҷикистон шуда, тиҷорат кунанд. Ба ин бозор натанҳо мардуми […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дар Дарвоз охири ҳар ҳафта ба майдони мубодилаи тиҷорӣ ва робитаҳои иҷтимоии сокинони ду соҳили дарёи Ому табдил меёбад.

Бозор дар деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвози Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҳукумати Тоҷикистон охири ҳар ҳафта ба гурӯҳе аз сокинони Афғонистон иҷоза медиҳад, ки вориди Тоҷикистон шуда, тиҷорат кунанд.

Ба ин бозор натанҳо мардуми Бадахшони Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳатто сокинони шаҳру навоҳии гуногуни ду кишвар барои хариду фурӯш меоянд. Ин ҷо маҳсулоти ниёзи аввалия, сабзавоту меваҷот, ҳар навъ либос, кӯрпаву болишт ва лавозимоти дигари рӯзгор фурӯхта мешавад.

Шамшод Насимов, як харидори тоҷик, аз муносибати хуби афғонистониҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид кард, ки ин бозор ҳам барои тоҷикони ду сӯи рӯди Ому муфид аст ва беҳтар мебуд, ки масоҳати он васеътар гардад.

Шамсиддин валади Назархоҷа, харидори афғонистонӣ, нархҳоро “на арзон ва на қимат” арзёбӣ карда, гуфт: “бозори ҳамсоя ҳамсоя аст, мо бародари ҳамдигар ҳастем, аз он ки эҳтиёҷоти рӯзгори ҳамдигарро тавассути бозори Рузвай бароварда мекунем, хушҳол ҳастем".

Барои бисёре аз сокинони Афғонистон, ин бозор манбаи асосии рӯзгор аст. Муҳаммадумар валади Ҷумъа, тоҷики афғонистонӣ, ин нуктаро тасдиқ карда, мегӯяд, “даромади рӯзгоди мо куллаш аз ҳамин бозор аст”.

Сарфи назар аз ин, тоҷирону харидорон мехоҳанд, ки бархе маҳдудиятҳо бардошта шавад, то тиҷорати ду ҷониб афзоиш ёбад.

Бояд гуфт, ки ин бозор солҳо фаъолият дошт, аммо соли 2019 бо сабаби пандемияи КОВИД-19 баста шуд. Пас аз муддате гурӯҳи Толибон* ҳокимияти Афғонистонро ба даст гирифтанд. Бо далоили амниятӣ, пас аз рафъи пандемия ҳам, бозори наздимарзӣ баста боқӣ монд. Моҳи сентябри соли 2023 бо ташаббуси Тоҷикистон бозори мазкур ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло вуруду хуруҷи бозор зери назари ҷиддии мақомоти амният ва гумруки Тоҷикистон қарор дорад ва ҳамаи маҳсулоте, ки аз марз мегузарад, санҷида мешавад.

Бо вуҷуди ин, барои афғонистониҳо бозори Рузвай аз камтарин имкониятҳо барои ёфтани даромад аст. Афғонистон 4 сол боз зери идораи "Толибон" қарор дорад – гурӯҳе, ки Тоҷикистон онро террористӣ медонад ва то ҳол ҳукуматашро ба расмият намешиносад. Баъд аз бозгашти "Толибон" ба қудрат, ҳукумати Тоҷикистон расман иртиботи наздик бо онҳо надоштааст, вале тиҷорат байни ду тараф ҳамчунон идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дастикам 4 бозори наздимарзӣ фаъолият мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.