ТИКА ҳамкориҳо дар самти идоракунии офатҳои табииро миёни Тоҷикистон ва Туркия идома медиҳад

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ бо Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои кормандони ин Кумита "Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯй ва наҷотдиҳӣ дар табиат” баргузор намуд. Омӯзиш бо иштироки 15 корманди ҷустуҷӯ ва наҷоти тоҷик, ки дар моҳи […]

Варақаи иттилоотӣ

Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ бо Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои кормандони ин Кумита "Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯй ва наҷотдиҳӣ дар табиат” баргузор намуд.

Омӯзиш бо иштироки 15 корманди ҷустуҷӯ ва наҷоти тоҷик, ки дар моҳи ноябри соли 2024 марҳилаи аввали ин омӯзишро бомуваффақият анҷом дода буданд, баргузор шуд.

Баргузор намудани чунин омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ дар чорчӯбаи “Барномаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ” ба таҳкими иқтидори иштирокчиён, ки дар раванди вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода нақши фаъол доранд, равона карда шудаанд.

Барои гузаронидани ин омӯзиш 5 нафар мураббӣ, кормандони AFAD аз Туркия ҷалб гардиданд. Дар рафти омӯзиши якҳафтаина, ки бо истифода аз таҷҳизоти махсуси аз ҷониби ТИКА ба КҲФ тақдимгардида гузаронида шуд, асосҳои марбут ба соҳаи ҷустуҷӯ ва наҷот, аз қабили усулҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар табиат, идоракунии ҷои ҳодиса, истифодаи ресмон ва тарзи гиреҳбандӣ ва усулҳои таҳлияи бехатар ба таври назариявӣ ва амалӣ мубодила карда шуданд.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо, ки пас аз анҷом расидани омӯзиш баргузор карда шуд, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ибраҳим Этҳем Унал, ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон ва тренерони AFAD  ширкат карданд.

Сафир Умут Аҷар дар суханронии худ дар ин маросим гуфт, "ин барнома, ки дар якҷоягӣ бо Агентии ТИКА ва AFAD ташкил шудааст, як қадами арзишманд дар таҳкими ҳамкориҳои Туркия ва Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва густариши табодули донишу таҷриба буд”.

Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ки офатҳои табиӣ як мушкили умумии башарият мебошанд, ва аҳамияти ҳамкорӣ бо Туркияро дар ин самт таъкид намуда, аз ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард.

Интизор меравад, ки омӯзишҳо дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТИКА ва AFAD дар давраи оянда низ идома хоҳанд ёфт. Агентии ТИКА бо идомаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти идоракунии офатҳои табиӣ ва кумакҳои башардӯстона саҳм гузоштан дар рушди тавонмандӣ дар минтақаро идома медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.