spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Қурби рубл дар Тоҷикистон ба ҳадди навбатии рекордӣ боло рафт

Болоравии қурби рубли Русия дар Тоҷикистон идома дошта, боз ба нишондиҳандаи рекордӣ расид. Дар ҳамин ҳол, қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ поин меравад.

Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки милии Тоҷикистон барои имрӯз 23 май, 1000 рубл ба 172 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта он 166 сомонӣ буд. Ба ин тариқ, қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ тайи рӯзҳои истироҳат қариб 4% зиёд шуд.

Ин такрори болоравии рекордии қурби рубл нисбати сомонӣ аз охири моҳи феврали соли равон, пас аз оғози даргириҳои ҳарбӣ байни Русия ва Украина аст. Қурби ба ин наздик 11 апрел – 171,5 барои 1 ҳазор рубл сабт шуда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БМТ қурби рублро нисбати сомонӣ то сатҳи аввали моҳи апрел баргардонд

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қурби доллар ва евро дар лавҳаи Бонки миллӣ ноустувор аст. Барои имрӯз 1 доллар ба 12,10 сомонӣ ва 1 евро ба 12.78 сомонӣ баробар аст. Ҳафтаи гузашта 1 доллар 12,45 сомонӣ ва 1 евро – 13,13 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Муҳоҷирон хурсанданд

Як муҳоҷири тоҷик дар Маскав Абдукарим ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки имрӯз аз болоравии қурби рубл хеле қаноатманд шуд, зеро ба волидонаш 200 ҳазор рубл фиристодан мехоҳад.

“Барои тӯйи бародарам пул ҷамъ карда, онро ҳанӯз як ҳафта пеш фиристоданӣ будам, лекин волидонам гуфтанд, ки интизор шавам, шояд қурби рубл боло равад. Акнун аз ҳисоби фарқияти қурб мо қариб 1200 сомонӣ ё худ 8 ҳазор рубл сарфа кардем, ки барои муҳоҷир ин пули калон аст”, – иброз дошт Абдукарим.

Ба гуфтаи ӯ, ҳозир дигар муҳоҷирони ҳамроҳи ӯ иқоматдошта низ ба фиристодани пулҳои ҷамъкардаашон оғоз намудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Интиқоли пул 4,5 баробар афзуд”. “Бонки Эсхата”норасоии пулро дар банкоматҳо шарҳ дод

Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Ёдрас мекунем, ки як моҳ пеш бар асари болоравии қурби рубл ва интиқоли зиёди пул дар банкоматҳои Тоҷикистон пули нақд ёфтан хеле мушикл шуд. Рӯзҳои истироҳат қариб аз ҳама банкоматҳо пул гирифтан имкон надошт.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...