Се сокини шаҳри Панҷакент барои қочоқи 24 кг маводи мухаддир 15 ва 16 сол равонаи зиндон шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Ховар бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) иттилоъ додааст.
Манбаъ аз онҳо, Абдуҳалим Рустамов, Муродқул Олимов ва Пирумқул Усмонов ном бурда, навиштааст, ки онҳо “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб” созмон дода, дар манзили истиқоматии Пирумқул Усмонов 24 кг маводи мухаддирро пинҳон намудаанд.
Ба иттилоъ КДАМ, онҳо кӯшиш кардаанд, ки шабона ин миқдор маводи мухаддирро тавассути сарҳади Панҷакент ба кишвари ҳамсоя (эҳтимол Ӯзбекистон дар назар аст-аз идора) интиқол диҳанд ва аз ҷониби мақомот дастгир ва маводи нашъаовар мусодира шудааст.
“Маводи нашъаовари мусодирашуда 13 кг навъи “героин”, 7 кг навъи “афюн” ва 4 кг навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиашон 24 килограмро ташкил медиҳад”, – навиштааст манбаъ.
Маълум нест, ки онҳо кай ва чӣ гуна дастгир шудаанд.
Ба иттилои мақомот, нисбати боздоштшудаҳо бо қисми 4-и моддаи 200 (интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва қисми 2-и моддаи 289 (қочоқи мол ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент Абдуҳалим Рустамов ва Муродқул Олимов ба 16 сол ва Пирумқул Усмонов ба муҳлати 15 сол равонаи зиндон гардидааст.
Назари маҳкумшудаҳо, наздикон ва вакили дифои онҳо ба иттиҳом ва ҳамин тариқ ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Ба иттилоъи мақомот, қаблан Муродқул Олимов чор маротиба ва Абдуҳалим Рустамов як маротиба барои чунин ҷиноят ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуда будаанд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи охир мақомот дастикам се маротиба аз боздошти гурӯҳҳои нашъалоб ва қочоқи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон хабар додааст.
Ҳамчунин, ахиран мақоқмот хабар доданд, ки як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои қочоқи 31 кг маводи мухаддири навъи “ҳашиш” 13 сол равонаи зиндон гардид.
Охири моҳи гузашта низ сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро кушта, беш аз 70 кг маводи мухаддир ва силоҳу тир мусодира карда буданд.


