Се сокини Панҷакент барои қочоқи маводи мухаддир ба муҳлатҳои дароз зиндонӣ шуданд

Се сокини шаҳри Панҷакент барои қочоқи 24 кг маводи мухаддир 15 ва 16 сол равонаи зиндон шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Ховар бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) иттилоъ додааст. Манбаъ аз онҳо, Абдуҳалим Рустамов, Муродқул Олимов  ва Пирумқул Усмонов ном бурда, навиштааст, ки онҳо “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб” созмон дода, дар манзили истиқоматии Пирумқул […]

Asia-Plus

Се сокини шаҳри Панҷакент барои қочоқи 24 кг маводи мухаддир 15 ва 16 сол равонаи зиндон шудаанд. Дар ин бора хабаргузории Ховар бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) иттилоъ додааст.

Манбаъ аз онҳо, Абдуҳалим Рустамов, Муродқул Олимов  ва Пирумқул Усмонов ном бурда, навиштааст, ки онҳо “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб” созмон дода, дар манзили истиқоматии Пирумқул Усмонов 24 кг маводи мухаддирро пинҳон намудаанд.

Ба иттилоъ КДАМ, онҳо кӯшиш кардаанд, ки шабона ин миқдор маводи мухаддирро тавассути сарҳади Панҷакент ба кишвари ҳамсоя (эҳтимол Ӯзбекистон дар назар аст-аз идора) интиқол диҳанд ва аз ҷониби мақомот дастгир ва маводи нашъаовар мусодира шудааст.

“Маводи нашъаовари мусодирашуда 13 кг навъи “героин”, 7 кг навъи “афюн” ва 4 кг навъи “ҳашиш” буда, вазни умумиашон 24 килограмро ташкил медиҳад”, – навиштааст манбаъ.

Маълум нест, ки онҳо кай ва чӣ гуна дастгир шудаанд.

Ба иттилои мақомот, нисбати боздоштшудаҳо бо қисми 4-и моддаи 200 (интиқоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) ва қисми 2-и моддаи 289 (қочоқи мол ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Панҷакент  Абдуҳалим Рустамов ва Муродқул Олимов ба 16 сол ва Пирумқул Усмонов ба муҳлати 15 сол равонаи зиндон гардидааст.

Назари маҳкумшудаҳо, наздикон ва вакили дифои онҳо ба иттиҳом ва ҳамин тариқ ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Ба иттилоъи мақомот, қаблан Муродқул Олимов чор маротиба ва Абдуҳалим Рустамов як маротиба барои чунин ҷиноят ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуда будаанд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи охир мақомот дастикам се маротиба аз боздошти гурӯҳҳои нашъалоб ва қочоқи маводи мухаддир дар марзи Афғонистон хабар додааст.

Ҳамчунин, ахиран мақоқмот хабар доданд, ки як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои қочоқи 31 кг маводи мухаддири навъи “ҳашиш” 13 сол равонаи зиндон гардид.

Охири моҳи гузашта низ сарҳадбонони тоҷик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бо як “гурӯҳи фаромиллии нашъаҷалоб” даргир шуда, як танро кушта, беш аз 70 кг маводи мухаддир ва силоҳу тир мусодира карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио