Оғози сафари давлатии Содир Жапаров ба Тоҷикистон. Ӯро Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба ҳузур пазируфт

Субҳи имрӯз, 8-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пешвоз гирифт. Сарони ду кишвар дар суҳбати кӯтоҳе дар толори фурудгоҳи пойтахт “доир ба барномаи сафари давлатии Содир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар карда, изҳори боварӣ кардаанд, ки он дар таърихи муносибатҳои […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз, 8-уми июл Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон пешвоз гирифт.

Сарони ду кишвар дар суҳбати кӯтоҳе дар толори фурудгоҳи пойтахт “доир ба барномаи сафари давлатии Содир Жапаров ба Тоҷикистон табодули назар карда, изҳори боварӣ кардаанд, ки он дар таърихи муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя саҳифаҳои нав боз мекунад”.

Баъд аз ин, Содир Жапаров ҳамчун нишони эҳтиром ба таърихи пурғановати халқи тоҷик, дар майдони "Дӯстӣ"-и пойтахт, ба пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон президенти Қирғизистон дар "Қасри миллат" ба ҳузур пазируфт.  

“Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт”, – навиштааст хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Ҳамчунин ба ифтихори сафари президенти Қирғизистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шудааст.

Бояд гуфт, сафари давлатии раисҷумҳури Қирғизистон дар кишвари мо рӯзҳо 8 ва 9-уми июл идома ёфта, дар доираи он вохӯрӣ бо раисҷумҳур, раисони Маҷлиси миллӣ ва намояндагони Тоҷикистон, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳои иқтисодиву фарҳангӣ дар назар аст.

Зимнан, баъди ҳалли баҳсҳои марзӣ дар минтақа, ки дар солҳои гуногун боиси муноқишаҳо ва изтиробу ташвиши сокинон гардида буд, муносибатҳои ду кишвар аз нав гарм шуданд.

Баъди қариб чаҳор соли баста будани сарҳад, моҳи марти соли 2025 миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон созишнома оид ба сарҳад имзо шуд. Рӯзи 31-уми март дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид, ки ҳунармандону аҳли фарҳангу зиёи Қирғизистон низ дар он иштирок намуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.