Ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 15 баробар афзуд

Дар зарфи 5 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,35 млн долларро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ ба Қирғизистон ба 1,59 млн доллар расида, воридот аз кишвари ҳамсоя ба 4,76 млн доллар баробар аст. Барои […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар зарфи 5 моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,35 млн долларро ташкил додааст, ки аз нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёдтар аст. Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, ҳаҷми содирот аз ҷумҳурӣ ба Қирғизистон ба 1,59 млн доллар расида, воридот аз кишвари ҳамсоя ба 4,76 млн доллар баробар аст.

Барои муқоиса, давоми моҳҳои январ-майи соли 2024 ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ҳамагӣ 405,1 ҳазор долларро ташкил дода буд. Ба ин тариқ, афзоиш зиёда аз 15 баробарро ташкил медиҳад.

Коршиносон ин афзоишро ба барқарор шудани муносибатҳои сиёсӣ ва омодагии фаъолона ба сафари президенти Қирғизистон Садир Жапаров ба Душанбе рӯзҳои 8-9 июл бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рабт медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳ соли охир савдо миёни ду кишвар ҳам давраҳои рушд ва ҳам коҳиши назаррасро паси сар кард. Ҳаҷми бузургтарини савдои дуҷониба дар солҳои 2018–2019 ба қайд гирифта шуд, вақте ки гардиши умумии молу маҳсулот қариб ба 60 млн доллар расида, беш аз 48 млн доллар ба воридот аз Қирғизистон ва зиёда аз 14 млн доллар ба содирот аз Тоҷикистон рост меомад.

Аммо шурӯъ аз соли 2020 коҳиши устувор оғоз гардид. Дар соли 2021 ҳаҷми савдо то 26,2 млн ва, соли 2022 — то 15 млн доллар коҳиш ёфта, соли 2023 – он ҳамагӣ 11,4 млн долларро ташкил дод. Соли 2024 нишондиҳанда дар сатҳи ҳадди ақалли худ – 11,6 млн доллар боқӣ монд.

Дар соли 2025 пешрафти мусбат мушоҳида мешавад. Ба назари таҳлилгарон, афзоиши фаъолиятҳои иқтисодии хориҷӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳалли масъалаи муайян кардани сарҳади давлатӣ ва боз шудани ду гузаргоҳи марзӣ, фаъол шудани муколамаи сиёсӣ ва қабули як қатор созишномаҳои байниҳукуматӣ вобаста аст.

Рӯзи 30 июн дар Чолпон-Ота дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ҳамкории иқтисодиро густариш бахшида, гардиши молро то ба 500 млн доллар расонанд. Аз аввали сол аллакай 15 созишнома, аз ҷумла оид ба сарҳад ба имзо расида, дар самти наздикшавии сиёсиву башардӯстона иқдомҳо рӯйи даст гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.