Мансабдорони тоҷик аз кори нимсолаашон ба рӯзноманигорон гузориш медиҳанд

Дар Тоҷикистон аз 21-уми июл то 8-уми августи соли равон нишастҳои хабарии нимсолаи ниҳодҳои давлатӣ баргузор мегардад. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад. Дар нишастҳои хабарӣ, ки ҳар рӯзи корӣ баргузор мешавад, қарор аст, роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти нимсолаашон ба […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аз 21-уми июл то 8-уми августи соли равон нишастҳои хабарии нимсолаи ниҳодҳои давлатӣ баргузор мегардад. Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад.

Дар нишастҳои хабарӣ, ки ҳар рӯзи корӣ баргузор мешавад, қарор аст, роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти нимсолаашон ба хабарнигорон гузориш ва ба саволҳои онҳо посух диҳанд. 

Инчунин, хонандагони "Азия-Плюс" низ имкон доранд, тавассути хабарнигорони мо саволҳои худро ба мансабдорон пешниҳод кунанд. Мо ҳамарӯза дар саҳифаҳои "Фейсбук" ва "Телеграм"-и худ дар бораи он ки рӯзи дигар дар кадом вазорату идораҳо нишаст баргузор мешаванд, иттилоъ нашр мекунем.

Хонандагон имкон доранд дар шарҳи он саволу пешниҳоди худро нависанд ва хабарнигорони "Азия-Плюс" кӯшиш мекунанд, ба саволҳои заруру муносиб аз ниҳодҳои дахлдор посух гиранд ва дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоии мо нашр кунанд.

Бояд гуфт, нишастҳои матбуотии мақомоти давлатӣ бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 баргузор мегарданд. Дар аввал масъулони вазорату идораҳо ҳар се моҳ ба рӯзноманигорон гузориш медоданд, аммо пас аз соли 2011 нишастҳои хабарӣ дар ним сол як бор сурат мегиранд.

Гуфта мешуд, ки он "бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад".

Дар ҳамин ҳол, сол аз сол дастрасии иттилоъ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон мушкил мешавад. Масъулуни ниҳодҳо бо баҳонаи равон кардани мактуби расмӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.

Ин аст, ки нишастҳои хабарӣ дар солҳои охир ягона имкони асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи рӯзноманигорон бо нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва гирифтани иттилоъ аз онҳо гаштааст. Аммо бештари вақт хабарнигорони тоҷик аз шеваи баргузории нишастҳо ва посухи масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаноатманд немешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.