Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ван И, ҳамтои чинияш дидор ва вазъу дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардааст. Ин вохӯрӣ имрӯз дар шаҳри Тянҷини Чин доир шуда, дар он ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, аз ҷумла, дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой низ табодули назар кардаанд.
Дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ду кишвар, ҳамчунин, ҷараёни татбиқи тавофуқоти бадастомада дар доираи сафари давлатии Си Ҷинпин, раисҷумҳурии Чин ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар Остона дар моҳи июни соли 2025 баррасӣ гардидааст.
Бояд гуфт, рӯзҳои 14 ва 15-уми июл дар шаҳри Тянҷини Чин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) доир шуд.
Дар ин ҷаласа Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди масъалаҳои таъмини амнияту субот, рушди устувори иқтисодӣ дар минтақа ва такмил додани фаъолияти СҲШ мавқеи кишварро иброз дошт.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҷаласа самтҳои авлавиятдори ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар шароити нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои мубрами байналмилаливу минтақаӣ баррасӣ шудаанд.
Ҳамчунин, дар он омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар тирамоҳи соли ҷорӣ муҳокима гардидааст.
Дар поёни ҷаласа вазирон тарҳи Эъломияи Тянҷзини Шӯрои сарони давлатҳо, Стратегияи рушди СҲШ то соли 2035 ва дигар қарору изҳороти муштаракро барои корбарии минбаъда қабул карданд.
Дар ҳошияи ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СҲШ бо Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин низ вохӯрдаанд.


