ЧОРАБИНИҲОИ 17 ИЮЛ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) доир мешавад. Соҳибкорони АМА дар форум бо роҳбарии Абдулло ибни Тавқ, вазири рушди иқтисоди ин кишвар ширкат меварзанд. Интизор меравад, ки дар чаҳорчӯби форум чанд санади ҳамкорӣ имзо шавад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 17 ИЮЛ
Соли 2014 – Деҳаи Файзободи ноҳияи Файзобод номи Ҳофизи мардумии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиевро гирифт. Ин қарор дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бино ба пешниҳоди Ҳукумати кишвар ва дархости Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод қабул гардид.
Соли 2001 – Каримҷон Юлдошев, мушовири давлатии президент оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар натиҷаи амали террористӣ ба ҳалокат расид.
Соли 2023 – Дар деҳаи Рожи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони ВМКБ канали обёрикунӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2023 – Дар вилояти Ботканди Қирғизистон ҳайатҳои вилояти Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Ботканди Қирғизистон мулоқоти сеҷониба анҷом доданд. Дар он баҳси асосӣ масъалаи марз буд.
Соли 2024 – Ҳукумати вилояти Суғд лоиҳаҳои иншооти дар соҳили Сирдарё бунёдшавандаро муарифӣ кард, аммо тақдири ин биноҳо номаълум аст.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1906 – Мавлуди Зариф Раҷабов, олим, таърихшинос, аввалин ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон.
Зариф Раҷабов, ки ҳамчун аввалин ректори донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) номаш сабт шудааст, аз зумраи муаррихони барҷастаи тоҷик маҳсуб меёбад.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов буда, фаъолияти худро дар Академияи омӯзгории Душанбе оғоз намудааст. Баъдан як муддат дар пойгоҳи Академияи илмҳои ИҶШС дар Ӯзбекистон, дар институтҳои забон, адабиёт ва таъриху бостоншиносӣ фаъолият кард.
Соли 1948 бо ташкили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин аввалин ректори он таъин гардид ва 6 сол дар ин маснад буд. Баъдан мудири кафедраи таърихи ин боргоҳи илм ва соли 1959 директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳо таъин гардид.
Ӯ дар пешрафти илми Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштааст. Асарҳояш ба масъалаҳои гуногуни баҳсталаб бахшида шудаанд, вале дар таҳлил ва тадқиқи ҳаракати маорифпарварӣ, ҷадидия, масъалаи афкори ҷамъиятию сиёсии халқи тоҷик яке аз аввалин муҳаққиқон ба шумор меравад.
Соли 1957 – Зодрӯзи Маҳкам Маҳмудов, доктори илмҳои ҳуқуқ, раиси пешини суди конститутсионии Тоҷикистон.
Соли 1957 – Мавлуди Набӣ Акрамов, Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
17-уми июл ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии адолати судӣ ё худ Рӯзи адолати байналмилалӣ таҷлил мешавад. Ин сана ба қабули оинномаи Рим дар ҳамин рӯзи соли 1998 иртибот дорад, ки заминаи ҳуқуқии таъсиси Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ гардид.
Имрӯз он як муассисаи мустақили доимии судии байналмилалӣ мебошад, ки ҳуқуқ дорад нисбат ба ашхосе, ки дар ҷиноятҳои вазнини байналмилалӣ, ба монанди кушторҳои дастаҷамъӣ, таҷовуз ба номус, шиканҷа, истисмори кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва дигар ҷиноятҳои зидди башар гунаҳкор дониста мешаванд, парванда боз ва баррасӣ намояд.
17-уми июли соли 2014 ҳавопаймои мусофирбари “Boeing-777”-и ширкати Malaysia Airlines, ки дар масири Амстердам–Куала-Лумпур парвоз мекард, дар қаламрави деҳаи Грабово (ноҳияи Донетски Украина) суқут кард. Он минтақа он замон зери муноқишаи шадиди мусаллаҳона миёни нерӯҳои Украина ва ҷудоихоҳони рӯ ба Русия қарор дошт.
Дар дохили ҳавопаймо 298 нафар, аз ҷумла 85 кӯдак ва 15 узви ҳайати сарнишинҳо буданд. Ҳеҷ кас зинда намонд. Сабаби суқути ҳавопаймо то ба ҳол мавриди баҳс аст. Мақомоти Украина изҳор доштанд, ки ҳавопаймо бо мушаки “замин-ҳаво” зада шудааст ва ҳодиса террористӣ аст. Онҳо ҷудоихоҳонро гунаҳгор карданд ва гуфтанд, ки низомиёни украинӣ дар он минтақа ҳеҷ амалиёти зиддиҳавоӣ анҷом надодаанд.
Мақомоти ИМА ва муттаҳидонашон низ ҳамин фарзияро ҷонибдорӣ карданд ва гуфтанд, ки ҷудоихоҳон ин мушакро аз Русия гирифтаанд. Аммо ин фарзия бо далелҳои мушаххас пурра собит карда нашуд.
17-уми июли соли 1955 дар шаҳри Анахайми Лос-Анҷелес дар Амрико нахустин боғи фароғатии “Disneyland” расман ифтитоҳ ёфт. Ин боғ бо ташаббуси аниматори машҳур Уолт Дисней барои кӯдакон ва волидонашон бунёд гардид.
Барои сохтани боғ 17 миллион доллар сарф шуд. Вале он хеле зуд машҳур гашта, фоидаи чандинкарата овард. Дар 25 соли аввал аз он беш аз 200 миллион нафар боздид намуданд.
Имрӯз, 17 июл, дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии “суратак”(эмоджи) таҷлил мегардад. Ин ҷашн ба рамзҳо ва суратакҳое (смайликҳо) бахшида шудааст, ки мардум ҳар рӯз дар паёмҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва гуфтугӯҳои маҷозии худ истифода мебаранд.
Калимаи “эмоджи” аз забони японӣ баромада, аз ду қисм иборат аст: “э” – расм ва “моджи” – аломат, яъне “аломат дар расм”.
Боварҳо ҳаст, ки муаллифи эмоджи Шигетака (Сигетака) Курита, корманди яке аз ширкатҳои алоқаи Ҷопон аст. Ӯ аввалин маҷмӯи эмоджиҳоро дар солҳои 1990-ум таҳия кард. Баъдан ин суратакҳо ба телефонҳои мобилӣ ва компютерҳо роҳ ёфтанд.
Дар аввал шумораи эмоджиҳо тақрибан 170 адад буд. Имрӯз бошад, дар тамоми ҷаҳон зиёда аз 2000 намуди онҳо истифода мешавад. Ин рамзҳои хурд дар муоширати рақамӣ нақши муҳиме доранд ва ҳиссу ҳолати инсонро ифода мекунанд.
ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 17 ИЮЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 23+28º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 22+27º гарм, рӯзона 37+42º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 18+23º гарм, рӯзона 30+35º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 15+20º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 28+30º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ғарби вилоят бебориш пешгӯӣ шуда, дар шарқии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, рӯзона 28+33º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 36+38º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, рӯзона 13+18º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 37+39º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 38+40º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 31+33º гарм.


