Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Идомаи сафари Раҳмон. Боздиди аз отряди маркази марзбонии КДАМ ва суҳбати сарироҳӣ бо мардум - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Идомаи сафари Раҳмон. Боздиди аз отряди маркази марзбонии КДАМ ва суҳбати сарироҳӣ бо мардум

10
10

Дар доираи сафари худ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, ҳамчунин, аз отряди сарҳадии “Ёл” ва Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дидан кард.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат менависад, ки дидбонгоҳи сарҳадии “Ёл” дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин соли 1957 бо мақсади ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис ёфта, фаъолияти он дар самти мубориза бар зидди қонуншиканиҳои сарҳадӣ, пешгирӣ аз гурӯҳҳои террористию нашъаҷаллоб равона гардидааст. 

Ҳамин тариқ, бо назардошти афзоиши хатару таҳдидҳо, аз ҷумла амалҳои террористию эктремистӣ ва фаъолгардии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша дар минтақа ва ҷаҳон соли 2022 ҳайати Отряди сарҳадии “Шамсиддини Шоҳин”-ро ба дидбонгоҳи “Ёл” кӯчониданд, ки он ба Отряди сарҳадии “Ёл” табдил ёфт. Отряди сарҳадии “Шамсиддини Шоҳин” ба фармондеҳии “Шамсиддини Шоҳин” иваз шуд.

Эмомалӣ Раҳмон марзбонони Отряди сарҳадии “Ёл”-ро  ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон табрик намуда, гуфт, ки Нерӯҳои марзбонӣ на танҳо барои ҳимояи истиқлоли давлатӣ, пойдории давлатдории миллӣ, ҳимояи марзҳои кишвар ва амнияти ҷомеа саҳми босазо гузоштааст, балки нишонаи возеҳи истиқлоли давлати тоҷикон мебошад. 

Ӯ ҳамчунин, бо ишора ба авзои имрӯзи ҷомеаи байналмилалӣ ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти давлату миллатҳо сарбозону афсаронро ба иҷрои содиқонаю софдилонаи вазифаҳои хизматӣ ва аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ ҳидоят кард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии КДАМ бо бо бинокорону сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайнгардида ба истифода додани он дастур додааст

Гуфта мешавад, ки маркази таълимӣ дар масоҳати наздики 5 гектар замин бунёд мегардад ва дар ҳудуди он баробари иншооту биноҳои таълимӣ ҳамзамон, майдончаҳои варзишӣ, ҳуҷараҳои истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар асоси талаботи имрӯза муҳайё карда мешавад.

Дафтари матбуотии президент, ҳамчунин, навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба ин ноҳия бо аҳолии деҳоти Нуриддин Маҳмудов мулоқот сарироҳӣ доир намуда, ба сокинон ҷиҳати рушди картошкапарварӣ, занбӯриасалпаварӣ, чорводорӣ, ниҳолпарварӣ ва бо ин роҳ афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти хуштаъму лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ дастур додааст.

– Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ёдоварӣ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуда, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод карданд, – навиштааст хадамоти матбуотии президент.

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 26 май ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафар карда, сараввал аз Фармондеҳии сарҳадии «Сари ғор»-и Отряди сарҳадии «Шамсиддин Шоҳин» дидан карда, дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки соли 1993 кушта шуда буданд, гулчанбар гузошт.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...