Баъди зарбаи Исроил ба ситоди артиши Сурия, Аҳмад Шаръ гуфт, аз ҷанг наметарсем

Date:

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури муваққати Сурия, дар аввалин суханони худ пас аз ҳамлаҳои Исроил ба Димишқ гуфт, ки ҳукуматаш амнияти дурузиҳоро “дар авлавият қарор дода”, аммо ин маънои тарс аз ҷангро надорад.

Аҳмад Шаръ субҳи имрӯз бо муроҷиат ба шаҳрвандони дурузии Сурия гуфт, “мо ҳар гуна кӯшиш барои кашидани шумо ба самти як тарафи хориҷиро рад мекунем. Мо аз он нафароне нестем, ки аз ҷанг ҳарос дошта бошанд. Мо умрамонро дар ҷанг ва дифоъ аз мардуми худ гузарондаем, вале ҳоло манфиати мардуми Сурияро аз бесарусомонӣ ва вайронӣ авлотар медонем”.

Ӯ гуфт, аз замони суқути режими Башор Асад дар Сурия, Исроил талош дорад мардуми ин кишварро ба ихтилофу бесуботӣ бикашад ва Сурияро ба сарзамини низоъ табдил диҳад.

Изҳороти Шаръ чанд соат пас аз он садо дод, ки “САНА”, оҷонсии давлатии хабарии Сурия аз оғози ақибнишинии нерӯҳои давлатӣ аз Сувайдо хабар дод ва онро бахше аз тавофуқ миёни артиш ва раҳбарони мазҳабии маҳаллӣ донист. Пештар аз ин, Вазорати умури хориҷии Амрико аз ҳукумати Сурия талаб кард, нерӯҳои худро аз ин вилоят, ки аксаран дурузнишин аст, ақиб барад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аҳмад Шараъ

Ин хабарҳо пас аз он буд, ки Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 16-уми июл гуфт, ки дипломатҳои ӯ тамоми шаб барои коҳиши таниш байни Исроил ва Сурия кӯшиш кардаанд.

Рубио рӯзи чоршанбе дар саҳифаи “X”-и худ навишт, “мо бар рӯи гомҳои муайяне мувофиқа кардем, ки иҷрои онҳо ин вазъияти дардисарсоз ва ваҳшатнокро имшаб қатъ хоҳад кард”.

Вазорати корҳои хориҷии Сурия ҳам дар вокуниш ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки ин кишвар “аз кӯшишҳои Амрико ва кишварҳои арабӣ” барои “ҳалли буҳрони кунунӣ” ба таври мусолиматомез “истиқбол мекунад”.

Бо вуҷуди ин, Исроил шаби чоршанбе ба бандари Лозиқияи Сурия, атрофи кохи раёсатҷумҳурӣ ва Вазорати дифоъи Сурия зарба задааст.

Қаблан Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, иддаъо карда буд, ки артишаш кӯшиш мекунад, то ҷомеаи ақалиятии дурузи вилояти Сувайдоро дар ҷануби Сурия наҷот диҳад ва гурӯҳҳои тарафдори давлатро, ки ба онҳо ҳамла мекунанд, аз байн барад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вазорати корҳои хориҷии Эрон пас аз маҳкум кардани ҳамлаҳои Исроил ба Димишқ гуфт, ки ин ҳамлаҳо яке аз далелҳои он аст, ки чаро Эрон Исроилро “хатари асосӣ барои сулҳ дар минтақа” медонад.

Дар изҳороти ВКХ-и Эрон зикр мешавад, ки “Исроил бо баҳрамандӣ аз ҳимояти таслиҳотӣ ва сиёсӣ аз Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ, бахусус Олмон, Британия ва Фаронса сулҳу амнияти байналмилалиро ба таври бесобиқа дар маърази таҳдид қарор додааст.

Туркия ба ҳамлаҳои Исроил дар Сурия вокуниш карда, гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо бо ҳадафи вайрон кардани имкониятҳои таърихии Сурия барои барқарории сулҳу амният анҷом шудаанд.

Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, ки Исроил нигаронии воқеӣ барои дурузҳои Сурия дорад, вале ин метавонад ҳамчун пӯшиш барои заиф кардани артиши Сурия низ истифода шавад.

Дар ду рӯз гузашта, артиши Исроил чанд ҳамлаи ҳавоии алайҳи нерӯҳои амниятии Сурия анҷом додааст. Ин нерӯҳо барои қатъ кардани даргириҳои фирқаии маргбор дар вилояти дурузнишини Сувайдо фиристода шуда буданд. Даргирӣ миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи дурузӣ ва қабилаҳои бодиянишин дар вилояти Сувайдо аз рӯзи 13 июл, баъди рабуда шудани як тоҷири дурузӣ, шиддат гирифт.

Ба гузориши Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Британия қарор дорад, дар ҷангҳои ахир, 350 нафар, аз ҷумла, 79 нерӯи дурузӣ, 55 ғайринизомӣ, 189 нафар аз нерӯҳои амнияти Сурия ва 18 ҷангҷӯи бодиянишин кушта шудаанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз сарнагун шудани Башор Асад, раисҷумҳури собиқи Сурия дар моҳи декабри соли гузашта, ин аввалин бор буд, ки нерӯҳои давлатии ин кишвар ба вилояти Сувайдо фиристода шуданд.

Бисёре аз ҷомеаҳои ақалиятӣ, аз ҷумла дурузҳо, ки мазҳаби онҳо шохае аз мазҳаби шиъа аст, бо вуҷуди тааҳҳуд бо Аҳмад Шараъ, ба ҳифзи амнияти худ аз сӯи давлат шубҳа доранд. То кунун вилояти Сувайдо, ки аксаран таҳти назорати гурӯҳҳои мусаллаҳи дурузӣ аст, ба дархости пайвастан ба нерӯҳои давлатӣ посухи мусбат надодааст.

Вазорати корҳои хориҷии Сурия рӯзи сешанбе дар баёнияе эълон кард, ки масъулияти комили ҳамлаҳои ахир ба ҷануби Сурия ва пайомадҳои он ба ӯҳдаи Исроил аст.

Вазири дифоъи Сурия дирӯз барқарории оташбас дар Сувайдоро эълон кард ва гуфт, ки бо мақомҳои маҳаллӣ барои ҷойгир кардани нерӯҳои амниятӣ дар он ҷо мувофиқат ҳосил шудааст. Бо ин вуҷуд, яке аз роҳбарони маънавии дурузӣ аз ҷангҷӯёни маҳаллӣ хостааст, ки муқовамат кунанд.

Ҳамин тавр, вазъ дар Сурия низ норӯшан ва бесубот боқӣ мемонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...