Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд

Аз 23 то 26 июл президенти Муғулистон Ухнаагийн  Хурэлсух бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин сафар мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ дар назар буда, инчунин имзои як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба нақша гирифта […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 23 то 26 июл президенти Муғулистон Ухнаагийн  Хурэлсух бо сафари давлатӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад. Сафар бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар доираи ин сафар мулоқотҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ дар назар буда, инчунин имзои як қатор санадҳoи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Муғулистон начандон дар ҳоли рушд қарор доранд, зеро ҳарду кишвар ҳам бештар таҳвилгарони маҳсулоти ашёи хом мебошанд.

Бино ба маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Муғулистон дар зарфи 5 моҳи соли 2025 ҳамагӣ ҳудуди 172 ҳазор долларро ташкил дода, ҳамаи ин маблағ ба воридоти маҳсулот аз Муғулистон ба ҷумҳурии мо рост меояд.

Соли 2024 ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо 50,8 ҳазор долларро ташкил дод, ки аз миқдор бо 43,5 ҳазор доллар  аз Муғулистон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид шуда, боқимонда 7,3 ҳазор долларро содирот аз Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.