Тоҷикистон Барномаи рақамисозии бахши кишоварзиро барои солҳои 2025-2029 тасдиқ кард. Санад бо дастгирии Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) таҳия шуда, ба истифодаи технологиҳои рақамӣ ҷиҳати дигаргун кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ равона шудааст.
Рақамисозӣ маҳсулнокии бахши кишоварзиро баланд мебардорад
Барнома 29 майи соли 2025 аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуда, ба афзалиятҳои миллии бахши кишоварзӣ асос ёфтааст ва ба стратегияҳои калидии сиёсии кишвар мувофиқ мебошад. Ҳадафи он баланд бардоштани маҳсулнокӣ, беҳбуди амнияти озуқаворӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасониҳои давлатӣ ва таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим унвон мешавад.
“Маъқул донистани барнома иродаи сиёсии ҳукуматро ба идомаи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ва суръат бахшидан ба ҷорисозии технологияҳои рақамӣ дар ин соҳаро таъкид менамояд. Ин барои кишоварзон, ҷамоатҳои деҳот ва тиҷорат дар бахши кишоварзӣ имконоти нав фароҳам меорад”, – зикр мекунад Нигина Анварӣ, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ФАО дар Тоҷикистон хабар доданд, ин ташкилот дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, гурӯҳи корӣ аз вазоратҳои гуногун ва коршиносони миллӣ дар таҳияи барнома кумаки назаррас расонидааст. Чорабиниҳои роҳандозишуда аз қабили семинарҳо дар мавзӯи бунёди дидгоҳи ягонаи миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ комёбии таҳияи барномаро таъмин карданд.
“Қабули Барномаи рақамисозии бахши кишоварзии Тоҷикистон иқдоми муҳим дар самти бунёди низомҳои бештар устувор, фарогир ва ҳушманд дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзист. ФАО аз дастгирии ҳукумат дар таҳияи ин хариаи роҳи ояндадор ифтихор мекунад”, – зикр кард иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ФАО дар Тоҷикистон Агасми Арутюнян.
Барнома ба бунёди муҳити инноватсионӣ тариқи сармоягузорӣ ба зерсохтор, рушди хидматрасониҳои давлатии рақамӣ ва баланд бардоштани малакаҳои рақамӣ нигаронида шудааст. Беҳбуди дастрасӣ ба пешгӯиҳои обуҳаво, мубориза бо ҳашароти зараровар, баланд бардоштани шаффофият ва таҳкими низомҳои иттилоотӣ аз афзалиятҳои он маҳсуб меёбанд.
Татбиқи барнома марҳила ба марҳила бо пайгирӣ (мониторинг)-и ҳамасола ҷараён гирифта, ФАО ба дастгирии ин раванд бо шумули таҳияи системаҳои электронии давлатӣ ва ҷорисозии воситаҳои ҳалли рақамӣ идома медиҳад.
Таҳлили вазъият оид ба рақамисозии бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон
Дар барнома зикр мешавад, ки ҳудуди чоряки Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва 60%-и қувваи кориро бахши кишоварзӣ таъмин мекунад. Аммо он бо мушкилоте аз қабили сатҳи пасти маҳсулнокии кор, усулҳои кӯҳнашудаи пешбурди соҳаи кишоварзӣ ва камбуди маблағгузорӣ дучор мегардад. Рақамисозии бахши кишоварзӣ метавонад барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва устувории соҳа воситаи муҳим гардад.
Рақамисозӣ дастрасӣ ба маълумоту захира ва бозорҳоро беҳтар намуда, маҳсулнокиро баланд ва занҷираҳои таъминотро беҳтар мекунад. Аммо мушкили “нобаробарии рақамӣ” ҷой дорад, ки ба дастрасии маҳдуд ба технологияҳо ва омодагии нокофии мутахассисон марбут аст.
Рушди технологияҳои иттиллотӣ ва иртиботӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав ба мисли ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ) ва низомҳои паҳподӣ (ҳавопаймоҳои бесарнишин) бахши кишоварзиро дигаргун намуда, идоракуниро беҳтар месозанд ва ба дастрасии кишоварзон ба донишу захираҳоро густариш мебахшанд.
Маблағгузории барнома
Маблағи умумии барномаи рақамисозии бахши кишоварзии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 120,6 млн сомониро ташкил медиҳад:
– аз буҷети давлатӣ – 0,666 млн сомонӣ;
– аз шарикони рушд – 111,68 млн сомонӣ;
– аз бахши хусусӣ – 8,3 млн сомонӣ.
Хароҷоти асосӣ ба бунёди зерсохтори рақамӣ, ҷорисозии технологияҳои ҳуши маснӯӣ, рушди хадамоти онлайн ва такмили сатҳи касбии кадрҳо равона мешавад.


