Имконоти зиёду монеъаҳои бисёр. Чӣ гуна мақомот сармоягузорӣ аз хориҷаро зиёд кардан мехоҳанд?

Ҳукумати Тоҷикистон интизор аст, ки давоми 15 соли баъдӣ вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд мешавад. Дар ин бора дар Стратегияи ҷалби сармоя ба Тоҷикистон дар давраи то соли 2040, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар рӯзи 30 июн тасдиқ шуд, маълумот дода мешавад. Дар санад гуфта мешавад, дар соли 2024 вуруди сармоягузориҳои […]

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон интизор аст, ки давоми 15 соли баъдӣ вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ 2,5 баробар зиёд мешавад. Дар ин бора дар Стратегияи ҷалби сармоя ба Тоҷикистон дар давраи то соли 2040, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар рӯзи 30 июн тасдиқ шуд, маълумот дода мешавад.

Дар санад гуфта мешавад, дар соли 2024 вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисоди кишвар 5 млрд 73,8 млн сомониро ташкил дода, дар соли 2040 ба 12 млрд 889,3 млн сомонӣ мерасад.

Мақомоти кишвар умедворанд, ки ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷиро дар ин давра 11,4 баробар зиёд кунанд – аз 459,1 млн сомонӣ дар соли 2024 то ба 5 млрд 235,7 млн сомонӣ.

Стратегия ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазири кишвар нигаронида шудааст. Ҳадафҳои асосӣ аз гуногунсамт сохтани иқтисод, рушди зерсохтор, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ иборатанд. Дар Стратегия таъкид мешавад, ки бо назардошти захираҳои Тоҷикистон дар истеҳсоли нерӯи барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ, ҷумҳурӣ аз имконоти назаррас бархӯрдор аст.

Дар санад ба рушди заминаи ҳуқуқӣ ва соддакунии расмиёт барои сармоягузорон, аз ҷумла таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва беҳбуди зерсохтор таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба сифати воситаи калидӣ барои таъмиру навсозии соҳаҳое чун саноату бахши кишоварзӣ ва энергетика баррасӣ мешавад.

Ғайр аз ин, дар Стратегия зарурати ҳамкории фаъолона бо бахши хусусӣ тариқи механизмҳои шарикии байни давлат ва бахши хусусӣ ва муҳайё сохтани шароит барои лоиҳаҳои инноватсионӣ, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва иқтисоди рақамӣ таъкид шудааст. Энергетикаи сабз, истеҳсоли маҳсулоти сифаташ баланд, рушди зерсохтор ва бахши кишоварзӣ аз самтҳои муҳим барои ҷалби сармоягузорӣ номида шудаанд.

Стратегия ба фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди иқтисод тариқи тақвияти нақши бахши хусусӣ, беҳбуди муҳити корӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ нигаронида шудааст, ки бояд ба рушди дарозмуҳлати иқтисодии кишвар мусоидат намояд.

Чӣ дорем?

Дар Стратегия зикр мегардад, ки ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон дар солҳои охир ҷараёни мусбатро нишон медиҳад: танҳо дар давраи солҳои 2020-2024 вуруди сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар ба 11,6 млрд доллар расидааст.

Дар соли 2024 ин нишондиҳанда 5 млрд долларро ташкил додааст, ки 11 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.

Ҳудуди 72%-и сармоягузориҳои хориҷӣ дар давоми солҳои 2020-2024 ба соҳаи саноат, аз ҷумла 53% ба саноати истихроҷ ва 19% – ба саноати коркард равона шудаанд. Боқимонда 28% ба бахшҳои сохтмону кишоварзӣ, нақлиёту алоқа, савдо ва хидматрасонӣ, миёнаравӣ ва дигар соҳаҳо маблағгузорӣ шудаанд.

Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ тайи 5 соли ахир асосан аз Чин, ИМА ва Русия ворид шудаанд. Ба ҳиссаи ин кишварҳо 76% аз вуруди сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ дар ин давра рост омадааст.

Имконот

Тоҷикистон ба туфайли захираҳои бойи табиӣ, аз ҷумла захираҳои об, гидроэнергетика, фулузот (металлҳо)-и нодир ва шароити иқлим аз имконоти зиёди сармоягузорӣ бархӯрдор аст. Аз лиҳози имконот дар соҳаи истеҳсоли нерӯи барқи обӣ (гидроэнергетика) Тоҷикистон дар зинаи 8-ум миёни кишварҳои ҷаҳон қарор дошта, ният дорад, ки то соли 2032 пурра ба манбаъҳои барқраоршавандаи энергия гузарад. Ҳамчунин дар соҳаи истеҳсоли нерӯи офтобӣ ва бодӣ низ Тоҷикистон имкониятҳои зиёд дорад.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 800 кони канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои мису тилло ва нуқраву литий мавриди иктишфо қарор гирифтаанд, ки ба рушди гузариши сабз мусоидат мекунад. Барои сармоягузорӣ ба саноати сабук, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо имкониятҳои мусоид мавҷуданд.

Дар Стратегия зикр мегардад, ки суботи сиёсӣ, дастрасӣ ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар, дастгирӣ аз ҷониби давлат, мавҷуд будани захираҳои корӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ аз ҷумлаи омилҳои калидӣ барои ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ мешаванд.

Мушкилот ва омилҳои боздоранда:

Ба ақидаи муаллифони Сратегия, мушкилоти асосие, ки ҷалби сармоягузориҳоро ба Тоҷикистон бозмедоранд, иборатанд аз:

– маҳдудияти нерӯи барқ, бахусус дар мавсими зимистон;

– рушди нокофии зерсохтори нақлиёт ва роҳ бо шумули ҳавонавардӣ (авиатсия) ва роҳҳои оҳан;

– иқтидори маҳдуди интиқолии марказҳои нақлиётӣ;

– суръати пасти интернет;

– нархи баланди билетҳо ва шумори ками хатсайрҳои ҳавоӣ;

– камбуди мутахассисон, бахусус дар соҳаҳои техникӣ;

– расмиёти душвори иҷозатномадиҳӣ ва мушкилоти марбут бо гирифтани қитъаҳои замин;

– норасии корхонаҳо бо занҷираи пурраи инноватсионӣ;

– мушкилоти маъмуригардонии андоз ва душвориҳои имтиёзҳои андозӣ;

– мушклот бо расмиёти содиротӣ ва маълумоти нокофӣ дар бораи бозорҳои хориҷӣ;

– дастгирии нокофии лоиҳаҳо тавассути шарикии давлативу хусусӣ;

– мавқеъҳои начандон хуби Тоҷикистон дар радабандиҳои байнулмилалии ҷолибият ба сармоягузорӣ.

Бино ба арзёбии таҳиягарони Стратегия, ин омилҳо рушди кишварро маҳдуд намуда, барои ҷалби бештари ҳаҷми сармоягузориҳо воситаҳои ҳал тақозо мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.