Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд куштори пурсарусадои шаби 27 ба 28-уми июн дар ҷамоати Гулхонаро, ки дар пайи он падари хонавода дар пеши чашми фарзандонаш кушта шудааст, шарҳ дод.
Дар бораи ин куштори Зариф Абдураҳимови 38 сола “Азия-Плюс” се ҳафта пеш бо такя ба иттилои муовини додситонии ин ноҳия ва раиси ҷамоати Гулхона иттилоъ дода буд.
Олимбек Юлдошзода гуфт, ду нафар барои дуздии пул ба хонаи Зариф Абдураҳимов ворид шуда, дар пеши чашми фарзандонаш ӯро куштаанд ва баъдан фирор намудаанд.
“Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷустуҷӯи ҷинояткорон идома дорад, аммо то ҳол боздошт нашудаанд”, – гуфт Юлдошзода.
Се ҳафта пеш, Туйчибой Отамуродзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулхона гуфта буд, ки “маълум нест, ки ҷинояткорон пул ёфтаанд ё не. Вале ба даҳони фарзандони 14 ва 16-солаи Зариф Абдураҳимовро бо “скотч” баста, бо занҷир латукуб кардаанд.
“Ҳолати фарзандон ҳоло хуб буда, таҳти назорат ва табобати духтурҳо қарор доранд”,- зикр карда буд ӯ.
Суҳроб Сатторзода, муовини додситонии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, гуфта буд, ки “гиреҳи ҷиноят кушода шуда, тафтишот идома дорад”. Аммо то ҳол аз натиҷаи тафтишот маълумот интишор нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар кишвар 75 ҳолати куштор ва қасди одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2023-ум 18 ҳолат зиёд аст.
ВКД далелҳои афзоиши куштор ва суиқасд ба ҷони одамонро шарҳ надод. Вале эҳтимол кушторҳои пайидарпайи Конибодом, ки давоми соли гузашта рух доданд, сабаби афзудани ин ҷинояти сангин дар кишвар шудааст.
Дар пайи ин кушторҳо дар шаҳри Конибодом соли гузашта, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд. Додситонии кул дар пайванд ба ин кушторҳо 4 нафарро боздошт карда, тафтишот то ҳол идома дорад.


