Тоҷикистонро боз чангу ғубор фаро мегирад

Date:

Оҷонсии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки аз 25 то 28–уми июли соли равон Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро гирифта, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманкӯҳи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ хавфи фаромадани сел дар назар аст.

“Рузҳои 25–28 июл дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, бинобар сабаби шиддатнокии вазиши шамол… воридшавии хокбориш (чанг), ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), аз ҷумла зарачаҳои андозаашон то 10 микрон (PM-10) ва 2.5 микрон (PM-2.5) дар назар аст”, – зикр мешавад дар огоҳии Оҷонсӣ.

Қобили зикр аст, ки моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои аз меъёр зиёд гарм ва ба сурати умум хушк пешгӯӣ шудааст.

Рӯзона дар ноҳияҳои ҷудогона, бахусус вилояти Хатлон ва ноҳияҳои ҷануби ҷумҳурӣ ҳарорат метавонад то ба 46 дараҷа гармӣ расад.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаҳои тӯфони чангу гард дар Тоҷикистон бамаротиб зиёд шудааст. Тйи 30 соли охир чунин ҳолатҳо дар ҷумҳурӣ ҳадди ақалл 10 баробар афзудааст. Агар аввали солҳои 1990-ум онҳо дар як сол 2-3 маротиба рух медоданд, пас тайи солҳои ахир ҳар сол то 35-40 ҳодисаҳои ҷумҳуриро фаро гирифтани тӯфони чангу ғубор ба қайд гирифта мешавад.

Ифлорсшавии ҳаво ба солимии одамон зиёни назаррас расонида, ба иқтисоди кишвар низ беасар нест.

Бино ба маълумоти таҳқиқоти Бонки ҷаҳонӣ, ки ба ифлосшавии ҳаво аз заррачаҳои РМ2.5 марбут аст, сатҳи маргумир 78 ҳолат ба 100 ҳазор нафар аҳолӣ арзёбӣ мешавад. Ин дуюмин нишондиҳанда дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...