Cе роҳи пойтахт давоми 3 рӯзи оянда пурра баста мешавад

Се рӯзи оянда, аз 26 то 29-уми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе се қитъаи роҳ муваққатан баста мешаванд. Сабаби ин корҳои сохтмону насби қубурҳои обу корез ва рафъи обҳои партов дар ин минтақаҳо гуфта мешавад. Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд, ки корҳо дар қитъаҳои зерин анҷом дода шуда, ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад: – аз хиёбони Рӯдакӣ ба […]

Asia-Plus

Се рӯзи оянда, аз 26 то 29-уми июли соли 2025 дар шаҳри Душанбе се қитъаи роҳ муваққатан баста мешаванд. Сабаби ин корҳои сохтмону насби қубурҳои обу корез ва рафъи обҳои партов дар ин минтақаҳо гуфта мешавад.

Шаҳрдории Душанбе хабар медиҳанд, ки корҳо дар қитъаҳои зерин анҷом дода шуда, ҳаракати нақлиёт қатъ мешавад:

– аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Саид Носир (мавзеи Донишгоҳи омӯзгорӣ);

– аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Бухоро (аз чорроҳаи назди Хонаи матбуот то дармонгоҳи №13, қаблан №1);

– аз хиёбони Рӯдакӣ ба самти кӯчаи Академик Раҷабовҳо (аз бинои Вазорати адлия ба самти Донишгоҳи техникии ба номи М. Осимӣ).

Шаҳрдорӣ огоҳ мекунад, ки дар робита ба баргузории корҳои мазкур равуои воситаҳои нақлиёт бо ин самти роҳҳо пурра қатъ мегардад.

Ба сокинони пойтахт ва ронандагон тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо пешакӣ роҳи рафтан ба ҷоеро ба нақша гирифта, аз роҳҳои ҳамшафати ин қитъаҳо истифода баранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.