Имрӯз, 29-уми июл дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфта шуд, ки бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки сохтмонаш соли 2018 дар шафати масҷиди нави Душанбе оғоз шуда буд, моҳи сентябр ифтитоҳ мегардад.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки то ҳол 36 ҷавони тоҷик дар хориҷи кишвар ба таҳсили ғайриқонунии динӣ фаро гирифта шуда, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3 нафар ба ватан оварда шудаанд.
Нусратулло Зокирзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, ки онҳо тақрибан як моҳ пас ба бинои нав мекӯчанд.
“Донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ дар соли таҳсили нави 2025-2026 дар бинои нав таҳсил мекунанд”, – зикр кард Зокирзода.
Бинои нави Донишкадаи исломӣ дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе, дар шафати масҷиди калонтарини кишвар ҷойгир аст.
Бояд гуфт, ки сохтмони бони нави Донишкадаи исломӣ соли 2018 оғоз шуда буд. Он барои 1 ҳазору 500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.
Бинои асосии он аз 5 қисм (блок)-и ҳафтошёна иборат аст. Тибқи лоиҳа, 3 қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ ва 2 қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад.
Вале то ҳол маълум нест, ки баъди кӯчидани донишкада, бинои ҳозираи он тахриб мешавад ё не.
Ҳамчунин, гуфтугузорҳое ҳаст, ки баъди кӯчидани донишкада ба бинои нав, он ба донишгоҳ табдил меёбад. Вале роҳбарияти ин донишгоҳ гуфтанд, дар ин бора низ иттилоъе надоранд.
Таҳисли динии ғайриқонунии 36 кас дар хориҷи кишвар
Сарфи назар аз он, ки дар Тоҷикистон Донишкадаи исломӣ мавҷуд аст, даҳҳо 36 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа ба таҳсили ба гуфтаи мақомот ғайриқонунии динӣ машғул мебошанд. Ҳоло шумораи онҳо 36 нафар будааст.
Фаррухулло Олимзода, муовини раиси Кумитаи дин зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, аз ин шумора 3 тани онҳо дар шаш моҳи охир ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд.
“Аз 3 нафаре, ки ба Тоҷикистон оварда шудаанд, 2 танашон сокини Турсунзода ва 1 каси дигар сокини Кӯлоб аст”, – гуфт Олимзода.
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим нагуфт, ки онҳо дар кадом кишварҳо таҳсили ғайриқонунии динӣ мекардаанд, вале таъкид кард, ки мунтазам ҳамроҳи мақомоти масъул бо оилаҳои онҳо гуфтугӯ карда, кӯшиш мекунанд ҳамаро ба Ватан баргардонанд.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳоло танҳо дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон метавон таҳсили олии динӣ гирифт.
Қаблан дар кишвар даҳҳо мадрасаҳои динӣ амал мекард, ки сокинон метавонистанд дар он таълими динӣ гиранд. Вале баъди соли 2010 як-як онҳоро бастанд. Барои таҳсили ғайрирасмии динӣ то кунун даҳҳо шаҳрвандони кишвар муҷозот шудаанд.
Беш аз 350 ҷавоби манфии ташхиси диншиносӣ
Ҳамчунин, ҳамасола Кумитаи дин маводи диниро аз ташхиси давлатии диншиносӣ бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ мегузаронад. Дар нишаст гуфта шуд, ки аз 557 дархости воридшуда, ба 364 дархост хулосаи манфӣ додааст.
Чунин маводи динӣ мавриди таҳлил ва ташхиси давлатии диншиносӣ қарор гирифтаанд:
– 2 ҳазору 878 номгӯйи адабиёти динӣ;
– 4 ҳазору 884 варақаи саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон;
– 601 фита;
– 51 телефони мобилӣ;
– 10 флешкорт;
– 1 ноутбуки дорои сабтҳои видеоӣ ва аудиоӣ.
“Аз ин теъдод ба 364 дархост бинобар мавҷуд будани нишонаҳои ифротгароӣ хулосаи манфӣ ва ба 193 дархост хулосаи мусбат дода шуд”, – изҳор дошт Давлатзода.
Ба дархостҳои манфӣ чунин маводҳо шомил будаанд:
– 333 номгӯйи адабиёт;
– 1 ҳазору 807 варақа аз саҳифаҳои интернетии корбарон, баъзе аз сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 284 фитта;
– 37 телефони мобилӣ;
– 7 флешкорт;
– 1 ноутбук.
Дархостҳое, ки ҷавоби мусбат доштаанд, шомили 2 ҳазор 545 номгӯйи адабиёти динӣ, 3 ҳазору 77 варақа аз саҳифаҳои интернетии истифодабарандагон, сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохили 317 фита, 14 телефони мобилӣ ва 3 флешкорт будаанд.
Кадом китоби диниро метавон харид ва чӣ гуна фаҳмид, ки он аз ташхиси диншиносӣ гузаштааст? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Беш аз 5 млн сомонӣ ҷарима барои нақзи қонуни танзим
Дар нишасти матбуотии кумита ҳамчунин, дар бораи нақзи қонуни танзим низ сухан рафт.
Масъулини ин ниҳод гуфтанд, дар 6 моҳ додгоҳҳои Тоҷикистон барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим сокинони кишварро 5 миллиону 155 ҳазору 996 сомонӣ ҷарима бастаанд. Аз ин маблағ то кунун 2 миллиону 691 ҳазору 436 сомонияш рӯёнида шудааст.
Сулаймон Давлатзода гуфт, дар ним сол додгоҳҳои кишвар барои риоя нагардидани талаботи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” 630 парвандаро (дар 6 моҳи соли 2024 – 885 парванда) баррасӣ кардаанд.
“Аз ин теъдод вобаста ба 615 ҳолат ҷазо таъин гардида, 15 парванда ҳангоми баррасӣ аз ҷониби судҳо қатъ карда шудааст”, – изҳор дошт Давлатзода.
Раиси Кумитаи дин гуфт, дар нимаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 41 ҳазору 630 маърака баргузор гардидааст. Дар ин давра аз ҷараёни баргузории маъракаҳо 9 ҳазору 607 рейд гузаронида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар кишвар соли 2007 Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими ҷашну маросим” қабул шуд ва соле пеш боз ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Ин қонун маросими мардумро ба танзим медарорад ва ҳадаф аз онро мақомоти кишвар сарфакорӣ дар баргузории маъракаҳо медонанд.


