Шумораи нашъамандон дар Тоҷикистон кам, вале мусодираи маводи мухаддир зиёд шудааст

Дар нимсолаи аввали соли равон шумори нашъамандоне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, 4002 нафарро ташкил медиҳад, ки 64 нафар ё худ 1,6% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (4066 нафар) аст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар медиҳад. Зафар Самад, директори Агентӣ имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ […]

Asia-Plus

Дар нимсолаи аввали соли равон шумори нашъамандоне, ки расман ба қайд гирифта шудаанд, 4002 нафарро ташкил медиҳад, ки 64 нафар ё худ 1,6% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 (4066 нафар) аст. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо такя ба Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зафар Самад, директори Агентӣ имрӯз, 29-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки дар Тоҷикистон имрӯз ба ҳар 100 ҳазор нафар ба ҳисоби миёна 40 шахси гирифтор ба нашъамандӣ рост меоянд, ки ба гуфтаи ӯ "яке аз нишондиҳандаҳои пасттарин дар ҷаҳон аст".

"Дар 6 моҳи соли ҷорӣ 3 тоннаву 107 кило маводи нашъаовар аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта (3 тоннаву 96 кг 616 гр) 10 кг 388 гр зиёдтар аст, – иттилоъ додааст директори Агентӣ.

Ин миқдор аз ҷониби сохторҳои зерин мусодира шудааст:

– Агентии назорати маводи нашъаовар – 384 кг 440 гр (соли 2024 – 217 кг 820 гр);

– Вазорати корҳои дохилӣ – 1 тоннаву 176 кг (2024 – 2 тоннаву 89 кг 232 гр);

– Кумитаи давлатии амнияти миллӣ – 1 тоннаву 459 кг (2024 – 789 кг 56 гр);

– Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 3 кг 92 гр (2024 – 508 гр);

 – Хадамоти гумрук – 83 кг 220 гр (2024 – 0).

Ғайр аз ин, дар ним сол 155 кг 536 гр маводи психотропӣ мусодира шудааст, ки 85% зиёдтар нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024 аст.

Дар ин давра дар муассисаҳои самти бемориҳои нашъамандӣ бори аввал 178 нафар бо ташхиси “нашъамандӣ” ба қайд гирифта шудаанд.

Пас аз анҷоми нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорон дар оташдонҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовар зиёда аз 280 кг маводи нашъаовар сӯзонида нобуд карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.