spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Эрон силоҳҳо ва таҷҳизоти низомии ҳукумати пешини Афғонистонро дубора ба “Толибон” додааст

Расонаҳои "Толибон" хабар медиҳанд, ки Эрон таҷҳизоти низомии ҳукумати пешини Афғонистонро, ки дар замони суқуқти Кобул ба дасти "Толибон" ба ин кишвар бурда шуда буданд, дубора ба ин гурӯҳ таслим кардааст. Дар ин бора хабаргузории расмии "Толибон" – "Бохтар" хабар медиҳад.

Ба навиштаи манбаъ, ин таҳҷизот шаби гузашта аз тариқи бандари Исломқалъа вориди Афғонистон шудаанд. Дар як наворе, ки ин хабаргузорӣ нашр кардааст, дида мешавад мошинҳои борбарӣ таҷҳизоти низомиро аз марзи Исломқалъа вориди вилояти Ҳироти Афғонистон мекунанд. 

Соли гузашта дар пайи шадид шудани ҷангҳо дар рӯзҳои охири ҳукумати собиқи Афғонист, бархе аз низомиён чанде аз таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла силоҳ, муҳиммот ва мошинҳои махсуси неруҳои амниятиро ба Эрон бурда буданд. 

Аммо Толибон то кунун дар бораи миқдори  ин таҳҷизот чизе нагуфтаанд. 

Дар пайи фирори Ғанӣ ва суқути ҳукумат ба дасти "Толибон" беш аз 60 чархболу тайёраҳои неруҳои амниятии Афғонистон ҳам аз фурудгоҳҳои Мазори Шарифу Кобул ба Ӯзбекистон Тоҷикистон ҳам оварда шуданд.

Толибон аз он замон то кунун талоши баргардонии ин чархболу тайёраҳоро доранд.  Вале Тоҷикистон Ӯзбекистон бо Амрико дар музокира шуда, аз додани ин чархболу тайёраҳо ба "Толибон" худдорӣ карданд.

Вазорати дифои Амрико ҳам изҳорот дод, ки ин чархболу тайёраҳо ба Толибон дода намешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...