Дар даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки дар Бишкек оғоз шуд, мунтахаби миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 4:0 бар дастаи Мянмар ғолиб омад.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, муаллифони тӯбҳо ба дарвозаи ҳариф Шервони Мабатшоев (2-то), Манучеҳр Ҷалилов (аз зарбаи 11-метра) ва Эҳсони Панҷшанбе мебошанд.
Дар бозии дигари ин гуруҳ соҳибони майдон – мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:1 бар тими Сингапур дастболо шуд.
Ёдрас мекунем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 дар 6 зергурӯҳ доир мегардад. Ғолибон ва 5 дастаи беҳтарини зинаи дуюми гуруҳҳо ба даври финалӣ роҳ меёбанд.
Бозиҳои боқимонда дар гуруҳи «F»
Даври 2-юм
11 июн (шанбе)
15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН
20:00 – Мянмар – Қирғизистон
Даври 3-юм
14 июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Оғози бозӣ бо вақти Душанбе нишон дода шудааст.