Чин ҳамоно қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон аст. Қарзи давлатии Тоҷикистон дар сатҳи $3,6 млрд боқӣ монд

То 1-уми июли соли 2025 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон ба $3,6 млрд расидааст, ки ба 21,4% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар мебошад. Ин иттилоъро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 8 август баён кард. Аз ин маблағ, $3,1 млрд (88%) ба қарзи хориҷӣ рост меояд, ки 18,7% ММД-ро ташкил медиҳад. […]

То 1-уми июли соли 2025 ҳаҷми умумии қарзи давлатии Тоҷикистон ба $3,6 млрд расидааст, ки ба 21,4% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар мебошад. Ин иттилоъро Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 8 август баён кард.

Аз ин маблағ, $3,1 млрд (88%) ба қарзи хориҷӣ рост меояд, ки 18,7% ММД-ро ташкил медиҳад. Қарзи дохилӣ $422 млн (12% ММД)-ро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар аввали соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи давлатӣ низ $3,6 млрд буд, ки он замон ба 25,2% ММД кишвар баробар буд.

 

Чин ҳамоно қарздиҳандаи бузургтарин Тоҷикистон боқӣ мемонад

Дар нимсолаи аввали соли 2025 барои пардохти қарзи давлатӣ $224,4 млн харҷ шудааст, ки аз ин $184,6 млн барои пардохти қисми асосии қарз ва $39,8 млн барои пардохти фоизҳои қарзҳо равона гардид.

Бо ин вуҷуд, вазири молия гуфт, “Тоҷикистон имконияти гирифтани қарзҳои иловагӣ то то 60 фисади ММД-ро дорад ва ин барои рушди минбаъдаи молиявии кишвар зарур аст”.

Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, Чин ҳамоно бузургтарин қарздиҳандаи кишвар боқӣ мемонад. Дар ин давра қарзи Чин аз $1 млрд то тахминан $700 млн коҳиш ёфтааст.

Ғайр аз Чин, Тоҷикистон дар назди созмонҳои молиявии байналмилалии молиявӣ, мисли Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қарздор аст.

 

Чӣ гуна Тоҷикистон хатарҳои қарзи давлатиро идора мекунад?

Дар нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон дар доираи “Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ барои солҳои 2024–2026” хатарҳои асосӣ, ки бо қарзи давлатӣ вобастаанд, идора мекунад.

Вазир гуфт, ки хатари аввал, ин номуназзамми қурби асъор аст аст. Ба гуфтаи ӯ, 88% қарзи хориҷӣ бо асъорҳои хориҷӣ гирифта мешавад, бинобар ин ҳукумат нақша дорад ҳиссаи маблағгузории дохилиро дар сомонӣ зиёд кунад. Ин амал ба коҳиши хатарҳои асъорӣ мусоидат мекунад.

“Хатари дуюм – хатари фоизӣ. Барои кам кардани он, қисми зиёди қарзҳо бо меъёри фоизи собит ҳифз карда мешаванд. Хатари сеюм – хатари бозтамвил. Ҳукумат муҳлатҳои пардохти қарзҳоро беҳсозӣ намуда, стратегияҳои дарозмуддати ҷалби маблағро таҳия мекунад, то ин хатар кам гардад. Хатари чорум- хатари амалиётӣ. Он бо беҳтар намудани низомҳои иттилоотӣ ва омӯзиши кадрҳо ба ҳадди ақал расонида мешавад. Ин тадбирҳо ба таъмини суботи молиявии кишвар ва идоракунии хатарҳои қарзӣ равона шудаанд”, – гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Тибқи ин нишондиҳандаҳо, қарзи давлатӣ набояд аз 60% ММД зиёд бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.