ҲСДТ бораи идомаи фаъолияти худ… ба Вазорати адлия ҳисобот пешниҳод накардааст

Дар байни 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон танҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки то чанд сол пеш аз ҳизбҳои мухолифи кишвар гуфта мешуд, дар бораи идомаи фаъолият ва маҳалли ҷойгиршавиш ба Вазорати адлияи Тоҷикистон, ниҳоди назораткунандаи кори ҳизбҳо, ҳисобот пешниҳод накардааст. Мақомот сабабашро намедонанд, раиси ҳизб шарҳ намедиҳад. Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 7-уми август, дар нишасти […]

Дар байни 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон танҳо Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки то чанд сол пеш аз ҳизбҳои мухолифи кишвар гуфта мешуд, дар бораи идомаи фаъолият ва маҳалли ҷойгиршавиш ба Вазорати адлияи Тоҷикистон, ниҳоди назораткунандаи кори ҳизбҳо, ҳисобот пешниҳод накардааст. Мақомот сабабашро намедонанд, раиси ҳизб шарҳ намедиҳад.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 7-уми август, дар нишасти матбуотӣгуфт, ки дар ним сол “6 ҳизби сиёсӣ дар бораи идомаи фаъолияти худ бо нишон додани маҳалли ҷойгиршавии мақоми доимоамалкунандаи роҳбарикунанда ҳисобот пешниҳод карданд”.

Ӯ гуфт, як ҳизбе, ки дар ин давра ҳисобот пешниҳод накардааст, ҲСДТ аст ва “мо ҳоло корбарӣ карда истодаем, ки сабаби пешниҳод накарданаш аз чӣ иборат аст”.

“Мо ба тартиби корӣ корро давом дода истодаем, ки барои чӣ пешниҳод накардаанд ва чӣ мақсад доранд”, – гуфт вазири адлия.

Қиёмиддин Азизов, роҳбари нави ҳизб, ки баъди аз раисии ҳизб рафтани Раҳматулло Зоиров, муассис ва яке аз чеҳраҳои матраҳи сиёсати кишвар дар соли 2021 роҳбарии ҳизбро гирифт, сабаби пешниҳод накардани ҳисобот ба вазоратро ба “Азия-Плюс” шарҳ надод. Дар сурати пешниҳоди маълумот, мо омода ҳастем назари ӯро нашр кунем.

ҲСДТ, ки ҳаддиақал то 5 сол пеш яке аз ҳизбҳои мухолифи Тоҷикистон дониста мешуд, баъди иваз шудани роҳбараш Раҳаматулло Зоиров дар соли 2021 фаъолияташ камранг шуд ва соли равон ҳатто дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ширкат накард. Роҳбарияти нави ҳизб аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ мекунанд ва то ҳол сабаби ширкат накардан дар интихоботро ҳам шарҳ надодаанд.

Қиёмиддин Азизов дар як анҷумани ҳизб ба ҷойи Раҳматулло Зоиров раиси ҳизб интихоб шуд.  Бо ҳамин Зоиров гӯшанишинӣ карду дар маҳзари ом ҳам кам менамуд. Зоиров, ки бунёдгузори ҲСДТ буд, дар моҳи майи соли 2024 дар 67-солагӣ даргузашт.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси ҲСДТ моҳи феврали соли равон дар доираи “парвандаи табаддулот” 18 сол равонаи зиндон шуд. Худаш ин иттиҳомро дар додгоҳ рад кардааст.

ҲСДТ 21 сол пеш аз сӯи Раҳматулло Зоиров, баъди аз мансаби мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон истеъфо доданаш таъсис ёфт, то рафтани ӯ аз роҳбарӣ яке аз ҳизбҳои фаъол ва баъди бастану терорристӣ эълон гардидани Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзсати исломӣ ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон буд. Шиори ҳизб “адолату садоқату тараққиёт” буд ва бештар ба масоили ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ дошта, роҳбарияти пешини ҳизб роҳи ҳалли аксари мушкилро ҳам, дар такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва таъмини адолати иҷтимоӣ медиданд.

Ин ҳизб дар чандин интихоботи парлумонӣ ширкат кардаву ноком эълон гардид. Роҳбари пешини ҳизб дар чанд интихоботи президентӣ ҳам талош кард номзад бошад, аммо боз ҳам ин иҷозаро пайдо накард. Намояндагони ҳизб аз тақаллуб дар интихоб шикоят доштанд.

Ҳоло дар кишвар 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.