Маркази миллии тестӣ ихтисосҳои серталаб ва донишгоҳҳои пешсафи имсоларо эълон кард

Имсол дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) бори аввал ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат дар баробари ихтисосҳои тиббӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳама серинтихоб будаанд. Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари ММТ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳиссаи довталабони дар ин гурӯҳи ихтисосҳо сабтиномкарда 124% иҷро гардидааст. “Яъне имсол макотиби оливу миёнаи кишвар барои қабули донишҷӯён дар ихтисосҳои филология, педагогика ва […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имсол дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) бори аввал ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат дар баробари ихтисосҳои тиббӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳама серинтихоб будаанд.

Сабзалӣ Ҷаъфарзода, роҳбари ММТ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳиссаи довталабони дар ин гурӯҳи ихтисосҳо сабтиномкарда 124% иҷро гардидааст.

“Яъне имсол макотиби оливу миёнаи кишвар барои қабули донишҷӯён дар ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат 16 ҳазору 877 ҷойи холӣ дорад, вале шумораи довталабон дар ин гурӯҳи ихтисосҳо 20 ҳазору 929 нафар аст,- гуфт Сабзалӣ Ҷаъфарзода.

Аз ин ниҳод гуфтанд, имсол низ ихтисоси серинтихоб бахши тиббӣ буд.

Се ихтисоси аз ҳама серинтихоб дар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо инҳоянд:

 

Донишгоҳҳои пешсафу қафомонда

ММТ мегӯяд, соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо иҷрои 100% нақшаи қабули донишҷӯён дар сафи аввал қарор доранд.

Зинаҳои охирро Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ бо иҷрои 22% нақшаи қабул, Донишгоҳи миллии тадқиқоти Донишкадаи эренгетикии Маскав дар шаҳри Душанбе бо иҷрои 26% ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иҷрои 29% нақшаи қабули донишҷӯён соҳиб шуданд.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта Донишкадаи фарҳанг ва санъат бо иҷрои  20% нақшаи қабули донишҷӯён ва Донишкадаи инноватсионӣ бо 16% нақшаи қабул дар сафи охиринҳо буданд.

Ба иттилои ММТ, 10 донишгоҳи пешсафи кишвар аз рӯйи иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён инҳоянд:

 

Чанд довталаб аз қайд гузашт?

Ба иттилои расмӣ, дар ду даври бақайдгирӣ дар умум 114 ҳазору 863 довталаб, (92 ҳазору 991 хатмкунандаи синфи 11 ва 21 ҳазору 872 хатмкунандаи синфи 9) барои дохил шудан ба макотиби оливу миёнаи кишвар ба ММТ ҳуҷҷат супоридаанд.

Нақшаи қабул дар заминаи синфҳои 11-ум 96 ҳазору 65 ҷой буда, шумораи довталабони сабтиномкарда 96,8% ҷойҳои холиро ташкил медиҳад. Шумораи ҷойҳои холӣ барои довталабон баъди синфи 9-ум 17 ҳазору 716 ҷой аст ва довталабони сабтиномкарда 123% нақшаи қабулро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки соли пеш қариб 100 ҳазор довталаб аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта буданд.

Бояд гуфт, натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИДМ) эълон шуд ва қисме аллакай донишҷӯ шуданд. Онҳое, ки дар даври асосӣ комёб нашуданд, метавонанд дар тақсимоти такрорӣ, ки аз 12 то 15-уми август баргузор мешавад, иштирок кунанд. Ба маъмултарин саволҳо дар ин бора аз ин мавод муфассал посух гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.