Чаро Тоҷикистон мехоҳад, ки аз Чин ва Муғулистон қутос харад?

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ дар бораи нияти харидории қутосҳои хушзот аз Чин ва Муғулистон хабар дод. Ин масъала дар гуфтушунид бо ҷониби Чин баррасӣ шуда, ба беҳбуди имконоти генетикии саршумори ватанӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рушди содирот равона шудааст.   Аз вазн то ширдиҳӣ. Харидорӣ аз Чину Муғулистон чиро тағйир медиҳад? Дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ дар бораи нияти харидории қутосҳои хушзот аз Чин ва Муғулистон хабар дод. Ин масъала дар гуфтушунид бо ҷониби Чин баррасӣ шуда, ба беҳбуди имконоти генетикии саршумори ватанӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва рушди содирот равона шудааст.

 

Аз вазн то ширдиҳӣ. Харидорӣ аз Чину Муғулистон чиро тағйир медиҳад?

Дар Тоҷикистон зиёда аз 28 ҳазор қутос парвариш меёбад, ки 74%-и онҳо дар хоҷагиҳои хусусӣ бидуни кори доимии селексионӣ нигоҳубин мешаванд. Ин ба коҳиши вазн, шир ва бад гардидани сифати пашм боис мегардад.

Тибқи Барномаи комплексии рушди чорводорӣ, парандапарвврӣ моҳидорӣ ва занбӯрисалпарварии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027, вазни зиндаи қутосҳои нар ба ҳисоби миёна 450-560  кг, қутосҳои мода – 320-360 кг-ро ташкил медиҳад. Қутосҳои калонсол то 23-кг пашм медиҳанд ва миқдори пашм 57-61 фоизро ташкил медиҳад.

Ширдеҳии як қутоси мода ба 600–700 кг дар як сол мерасад.

Харидории қутосҳои хушзот аз Чин ва Муғулистон ба Барнома мутобиқ аст, ки дар он ҷиҳати “беҳбуди сифати маҳсулнокии генетикии қутосҳо ва афзоши саршумори онҳо” вазифа гузошта шудааст.

Ин ба зиёд кардани вазни қутосҳои нар, афзоиши шири қутосҳои модина, инчунин беҳтар намудани сифати пашм имкон медиҳад, ки арзиши онро дар бозор боло мебарад.

 

Қутоспарварӣ такягоҳи иқтисоди баландкӯҳи Тоҷикистон

Қутоспарварӣ соҳаи анъанавӣ ва ояндадор барои ноҳияҳои баландкӯҳи ВМКБ, Айнӣ, Лахш ва Куҳистони Мастчоҳ боқӣ мемонад, ки дар ин ҷойҳо зиёда аз 1 млн гектар чарогоҳҳо мавҷуданд.

Дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ин соҳа то 90%-и маҳсулоти гӯштиву шириро таъъмин мекунад.

Гӯшти қутос барои дар таркибаш мавҷуд будани сафеда ва сатҳи пасти холестерин қадр мешавад, шир (равғаннокӣ 6,5-7,2%) барои истеҳсоли паниру равған ва пашмаш дар соҳаи нассоҷӣ истифода мешавад.

 

Қутос чӣ қадар нарх дорад?

Бино ба маълумоти сомонаи Caravanistan, қутос 400-500 доллар нарх дорад, лекин навъҳои хушзот, ки аз хориҷа харида мешаванд, хеле гаронтаранд: қутоси нар – 2500- 5000, мода – 1500-3500 доллар. Харидории қутосҳои хушзот аз Чину Муғулистон таваҷҷуҳ ба зотҳои бештар сермаҳсул ва арзишмандро нишон медиҳад.

Дар Тибет ва Непал нархи қутос аз 1000 то 2000, Чин – ҳудуди 1300 ва Муғулистон – тақрибан 900 долларро ташкил медиҳад.

Харидани қутос аз Чину Муғулистон душвор нест ва дар баъзе ҳолатҳо онро метавон тариқи онлайн ва расонидан ба ИМА ва Канада фармоиш дод. Нархи миёнаи фурӯшандагони махсус ба 1500 ва болотар аз он баробар аст.

 

Аз имтиёзҳои андозӣ то содирот: то соли 2027 соҳаро чӣ интизор аст?

Дар Барномаи давлатии рушди чорводорӣ барои солҳои 2023-2027 харидории чорвои хушзот, пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ, бунёди хоҷагиҳои махсус, ҷорисозии корҳои муосири селексионӣ ва биотехнологӣ, инчунин таълиму омӯзиши кишоварзон пешбинӣ шудааст.

Дар оянда Тоҷикистон метавонад натанҳо пурра талаботи дохилии худро қонеъ созад, балки дар бозори маҳсулоти органикӣ мавқеи худро пайдо намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст