Пулиси Суғд ҷузъиёти куштори шавҳар аз сӯи зан ва як духтар аз ҷониби дӯстдоштаашро шарҳ дод

Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар вилояти Суғд ду куштори мудҳиш, ки ҳарду даҳҳаи аввали моҳи август содир шудааст, шарҳ доданд. Дар як маврид шавҳар аз дасти ҳамсараш кушта шуда, дар ҳолати дигар ҷавондухтар аз ҷониби дӯстдоштааш ба қатл расонида шудааст. Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси вилоят дар шарҳи ин кушторҳо дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Раёсати Вазорати корҳои дохила (ВКД) дар вилояти Суғд ду куштори мудҳиш, ки ҳарду даҳҳаи аввали моҳи август содир шудааст, шарҳ доданд. Дар як маврид шавҳар аз дасти ҳамсараш кушта шуда, дар ҳолати дигар ҷавондухтар аз ҷониби дӯстдоштааш ба қатл расонида шудааст.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи пулиси вилоят дар шарҳи ин кушторҳо дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” гуфт, ҳодисаи якум, рӯзи 2-юми август дар шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен рух дода, Маърифат Исмоиловаи 27-сола шавҳараш Бутур Ҳомидови 49-соларо “куштааст”.

Сабаби куштор муноқишаи оилавӣ гуфта мешавад.

“Шавҳарам дар ҳолати мастӣ буд, гулуямро буғӣ карда, таҳдид кард  бачаамро гирифта, ҷавоби худамро медиҳад. Аз дар ғазаб шуда чи кор карданамро намедонистам ва бо корд як маротиба задам ва  ба китфи чапи шавҳарам задам”, – нақл мекунад зан дар барнома.

Тибқи иттилои манбаъ, ҳодисаи дуввум, рӯзи 9-уми август дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.

Ҷавондухтари 21-сола, сокини ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент дар манзили иҷорааш аз дасти дӯстписари 17-солааш ба қатл расонида шудааст.

Ба гуфтаи Акбар Шарифӣ, баъди “муноқишаи лафзӣ атрофи муносибатҳои маҳрамона”, ҷавон ба гулӯ ва шиками духтар 8 зарби корд зада, ба қатл расонидааст.

“Баъди анҷом додани ҷиноят барои пинҳон додани ҳодиса ҷасадро ба курпа печонида бо ноқил баста дар таги рахти хоб пинҳон  ва ҷойи ҳодисаро тарк намудааст”, – гуфта мешавда дар гузориш.

Дар барнома ҳарду гумонбар ҳам ба гуноҳи худ иқрор мешаванд. Вале таҳти чӣ шароит сабт шудани ин навор маълум нест.

Ҳоло нисбати гумонбарони ҳарду ҳодиса барои одамкушӣ ё моддаи 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ҳарду дар боздоштанд.

Назари наздикони ҷабрдидаҳо маълум нест.

Куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ё дӯстдоштаҳо аз дасти якдигар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд.

Тибқи иттилои Додситонии вилояти Суғд дар ним соли 2025-ум 10 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми Тоҷикистон дар ин давра 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.