Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 августи соли 2025

Date:

ЭЪЛОНИ ЧОРАБИНИҲОИ 21 АВГУСТ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ дирӯз, 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

– Дар "Кохи Лоиқ"-и шаҳри Панҷакент аз 21 то 24-уми август аз соати 9:00 то 19:00 нахустин намоишгоҳи "Сӯзанӣ" баргузор мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 21 АВГУСТ

Соли 1936 – Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ ёфт.

Соли 2008 – Юсуф Абдусаломов, варзишгари тоҷик дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Бозиҳои Олимпии Пекин дар вазни то 84 кг бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ба медали нуқра сазовор гашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юсуф Абдусаломов

Соли 2014 – Дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва хизматрасонии ширкати “НАНО-ТЕХ-М” ба истифода дода шуд.

Соли 2014 – Дар шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди корхонаи муштараки коркарди пиллаи Тоҷикистон ва Ветнам “ТВ-Силк” коргоҳи нави адрасбофию атласбофии дастӣ ба кор дароварда шуд.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ванҷ ваъда дод, ки то охири сол корҳои бозсозии роҳи автомобилгарди Қалъаи Хумб–Ванҷ оғоз меёбанд. Ин роҳ моҳе пеш (соли 2025) ба истифода дода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1927 – Мавлуди Владимир Барботко, ҳунарпешаи театр, ҳунарманди Театри давлатии драмаи русии ба номи Маяковский.

Соли 1942 – Зодрӯзи Ҳамдам Мӯъминҷонов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа.

Соли 1961 – Мавлуди Абдуманнон Холиқзода, ходими давлатӣ, муовини пешини сардори Хадамоти иҷро.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола 21-уми август дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуд ва гиромидошти қурбониёни терроризм таҷлил мешавад. Ин рӯз бо қарори Маҷмааи умумии СММ соли 2017 таъсис ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳадафи он арҷгузорӣ ба қурбониён ва осебдидагони терроризм, ҳамчунин пуштибонӣ аз онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосиашон мебошад.

21-уми август ҳамчунин Рӯзи машкҳои куҳна ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба ифтихори ин зарфи қадимӣ, ки то ҳол дар миёни халқҳои кӯчӣ маъмул аст, таҷлил мешавад.

То пайдоиши маводҳои сунъӣ, одамон маҳсулотро дар зарфҳои табиӣ, аз ҷумла юнониён шаробу равғани зайтунро дар зарфҳои гилин, славянҳо асалу бодирингро дар бочкаҳои чӯбин нигоҳ медоштанд. Дар Сурияи қадим бошад, барои интиқоли шароб нахустин бор халтаҳо аз пӯсти ҳайвонот ҳамчун машк истифода шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Баъдтар онҳоро барои нигоҳ доштани об, шир, шароб ва ҳатто тайёр кардани паниру равған истифода мебурданд.

Ҳамасола 21-уми август дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи бидуни ороиш таҷлил карда мешавад. Ин сана бештар ба он равона шудааст, ки мардум, махсусан занон, зебоии табииро қадр кунанд ва нишон диҳанд, ки зебоӣ ҳатман ба воситаи ороиш ва зоҳирсозии сунъӣ вобаста нест.

Солҳои охир ҳаракати ҷаҳонӣ ба асл ва табиӣ будан қавӣ шудааст. Аксар духтарон ва занон бидуни ороиш ба ҷаҳониён паём медиҳанд, ки ҳаққоният ва асл дар табиӣ будан аст, на дар ниқобҳои сунъӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 21 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 21+26º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 34+39º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 16+21º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17º гарм, рӯзона 28+33º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 12+17º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, рӯзона 27+32º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 34+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 4+9º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 0+2º гарм, рӯзона 16+21º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 35+37º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 20+22º гарм, рӯзона 35+37º гарм. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...