Як зани тоҷик барои бурдани ҳазориспанд ба Русия 8 сол зиндонӣ шудааст

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ду зани тоҷик барои бурдани растании ҳазориспанд ба Русия боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Додгоҳи Русия яке аз ин занҳоро ба муҳлати 8 сол ба зиндон маҳкум кардааст. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, ки занҳо ин гиёҳро “бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ ба Русия бурдаанд, ки дар фурудгоҳҳои ин кишвар дастгир […]

Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ду зани тоҷик барои бурдани растании ҳазориспанд ба Русия боздошт ва алайҳашон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Додгоҳи Русия яке аз ин занҳоро ба муҳлати 8 сол ба зиндон маҳкум кардааст.

Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, ки занҳо ин гиёҳро “бо мақсади шахсӣ ва тиббӣ ба Русия бурдаанд, ки дар фурудгоҳҳои ин кишвар дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд”.

Ба иттилои додситонӣ, нисбати яке ин занон бо иттиҳоми нигоҳдорӣ, интиқол, истеҳсол ва коркард бидуни ҳадафи фурӯши маводи мухаддир (моддаи 228, қисми 2) ва ҳаракати ғайриқонунӣ, тавассути сарҳади гумрукии Русия гузаронидани растаниҳои дорои маводи мухаддир (моддаи 229 иловаи 1, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Русия) паврандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Пас аз ба итмом расонидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол ва охирон бо ҳукми суди Федератсияи Русия ба ҷазои маҳрумӣ аз озодӣ ба муҳлати 8 сол маҳкум гардидааст”,-навиштааст Додситонии кул.

Ин ниҳод дар бораи тақдири дуюм зани боздоштшуда иттилоъ надодааст. Ҳамин тавр маълум нест, назари ин ду зани тоҷик ва пайвандони онҳо дар робита ба ин қазиячӣ аст.

Додситонии кул ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор додааст, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.  

Ин ниҳод гуфтааст, ки дар сурати аз 10 адад зиёд бурдани “ҳазориспанд”  интиқолдиҳандаро 1 миллион рубли русӣ ҷарима ва ё ҳабси абад таҳдид мекунад.

Аз моҳи феврали соли 2024 ҳазориспанд дар қаламрави Русия ба рӯйхати растаниҳои дорои маводи мухаддир ворид шуда, барои гардиши ғайриқонунӣ ва истифодаи он (шахсӣ ва тиббӣ) ҷарима ва ё ҳабс пешбинӣ шудааст.

Қаблан ВКД Тоҷикистон низ ба шаҳрвандони кишвар ҳушдор дода буд, ки аз бурдани ҳазориспанд ба Русия ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.  

Ахиран, намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия ҳам номи 10 растание, ки бурдани онҳо ба Русия манъ аст нашр карда, аз шаҳрвандони кишвар хост, аз бурдан ва истифодаи он дар ҳудуди ин кишвар худдорӣ кунанд.

Инҳо кадом растаниҳоянд ва барои бурдану истифодаи онҳо чӣ ҷазо таъин карда мешавад дар ин пайванд мутолиа кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.