Коҳиши нархи тилло метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад

Коҳиши пешбинишудаи нархҳои ҷаҳонии тилло дар солҳои наздик метавонад ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад. Дар ин бора таҳлилгарони оҷонсии байналмилалии радабандии "Standard & Poor's Global Ratings" зикр мекунанд. Дар радабандии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ин оҷонсӣ анҷом дода шудааст, тахмин меравад, ки нархи тилло аз 2900 доллар барои як унсия дар соли 2025 то […]

Коҳиши пешбинишудаи нархҳои ҷаҳонии тилло дар солҳои наздик метавонад ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад. Дар ин бора таҳлилгарони оҷонсии байналмилалии радабандии "Standard & Poor's Global Ratings" зикр мекунанд.

Дар радабандии соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ки аз ҷониби ин оҷонсӣ анҷом дода шудааст, тахмин меравад, ки нархи тилло аз 2900 доллар барои як унсия дар соли 2025 то 2500 доллар дар соли 2026 ва 2100 доллар дар соли 2027 коҳиш хоҳад ёфт.

Ҳамчунин, дар радабандӣ гуфта мешавад, ки дар пайи норавшаниҳои боҷи ИМА нисбати Швейтсария, ки қисми зиёди тиллои Тоҷикистон дар он ҷо коркард мешавад, имкони содироти тилло ба самти дигар вуҷуд дорад.

Таҳлилгарони S&P зикр мекунанд, ки иқтисоди ҷумҳурӣ аз истихроҷ ва фурӯши тилло сахт вобаста мебошад.

Ба арзёбии мутахассисони ин оҷонсӣ, мавқеи иқтисодии берунии Тоҷикистон дар натиҷаи сатҳи баланди интиқоли маблағҳои пулӣ ва нархҳои мусоиди тилло беҳтар шуда истодааст.

Онҳо таъкид мекунанд, ки "монетизатсия"-и тилло аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба кишвар имкон дод, ки захираҳои байналмилалии худро то сатҳи рекордӣ — 4,6 миллиард доллар (30% ММД) дар моҳи марти соли 2025 (барои 7,4 моҳи таъминкунии воридот) зиёд намояд.

Мутахассисони S&P зикр мекунанд, ки фурӯши тилло тавассути Вазорати молия барои пардохти қарзи хориҷии кишвар истифода мешавад.

Қаблан, дар аввали моҳи ҷорӣ, Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳиссаи тиллои монетарӣ дар захираҳои байналмилалӣ дар сатҳи 20% қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми металли асосӣ дар захираҳои кишвар бо роҳи харидории он дар дохили ҷумҳурӣ ва табдили он ба тиллои монетарӣ дар хориҷи кишвар зиёд карда мешавад.

Толибзода зикр намуд, ки табдили тиллои тоҷик ба тиллои монетарӣ аз ҷониби "ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ" анҷом дода мешавад.

Тиллои монетарӣ — ин тиллои физикӣ дар шакли тангаҳо ва сабикаҳо ё плитаҳо мебошад, ки аз омехтаҳо комилан поккорӣ шуда, бо дараҷаи тозагӣ аз 995 то 1000 мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонии “Good Delivery” мебошад.

Ба иттилои Оҷонсии омор, дар соли 2024 Тоҷикистон металлҳои қиматбаҳоро ба маблағи тахминан 350 миллион доллар содирот кардааст, ки 17,8 фоизи ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил медиҳад.

Соли қабл, ҷумҳурӣ ин навъи маҳсулотро ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар содир карда буд — тахминан нисфи (46,6 фоиз) содироти умумии кишварро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.