“500 млн сомонии сокинонро аз худ кард”. Боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ бо гумони фурӯхтани як хона ба 7 кас

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ хабар дод, ки бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.   Ин ниҳод ӯ Содиқ Одинаеви 32-сола ном бурда, гуфтааст, ки ҳангоми роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ "Ҷамол-Басир" буданаш, “беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо, маблағҳои калони пулияшонро азхуд кардааст”. […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти роҳбари як ширкати сохтмонӣ хабар дод, ки бо гумони қаллобӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт.  

Ин ниҳод ӯ Содиқ Одинаеви 32-сола ном бурда, гуфтааст, ки ҳангоми роҳбари ширкати сохтмонии ҶДММ "Ҷамол-Басир" буданаш, “беш аз 160 нафарро фиреб дода, барои бо манзили истиқоматӣ таъмин кардани онҳо, маблағҳои калони пулияшонро азхуд кардааст”.

"Гумонбаршаванда як манзили истиқоматиро ба 3 то 7 нафар ба фурӯш гузошта, дар ҳаҷми махсусан калон ҷиноятҳои қаллобиро содир намудааст", – навиштааст РВКД  пойтахт.

Ба қавли ин ниҳод, ҳаҷми зарари расондаи ӯ ба шаҳрвандон наздики 50 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳоле ки назари гумонзад ба ин гуфтаҳои мақомот дастрас нест, алайҳаш бо иттиҳоми қаллобӣ (моддаи 247 қисми 4 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати исботи ин иттиҳом, ба ӯ аз ҷарима то 12 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Сокинони пойтахт аз ширкатҳои сохтмонӣ шикоят мекунанд, ки бар хилофи шартномаҳо хонаҳояшонро сари вақт намесозанд ва ё як хонаро ба чанд кас мефурӯшанд, ки боиси сарсониву саргардонии онҳо мешавад. Аз ҷумла, чанд пеш муштариёни ширкати "Салмон-иншоот" дар шаҳри Душанбе норозигӣ карданд, ки ширкат як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.

Мақомот ҳам ин мушкилроо тасдиқ мекунанд ва чанд нафарро бо чунин иттиҳом дастгир ва ҳатто зиндонӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи майи соли равон ВКД аз боздошти директори як ширкати сохтмонии “Сохтмон Палас” хабар дод, ки ду хонаро ба чанд кас фурӯхтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.