Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба Qingdao Grand Prix 2025 меравад. Ба ҳайат киҳо шомиланд?

Аз 26 то 28 сентябри соли равон дар шаҳри Синдаои Чин яке аз мусобиқаҳои пурнуфузи байнулмилалӣ оид ба ҷудо – Qingdao Grand Prix баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад. Дар он аз иштироки зиёда аз 20 дастаи мунтахаби кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интизорӣ […]

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Аз 26 то 28 сентябри соли равон дар шаҳри Синдаои Чин яке аз мусобиқаҳои пурнуфузи байнулмилалӣ оид ба ҷудо – Qingdao Grand Prix баргузор мешавад. Дар ин бора Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад. Дар он аз иштироки зиёда аз 20 дастаи мунтахаби кишварҳо, аз ҷумла Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон интизорӣ меравад.

Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳам устодони соҳибтаҷриба ва ҳамистеъдодҳои ҷавон рақобат мекунанд.  

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон: Меҳрзод Сӯфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду – 60 кг), Обид Ҷебов (66 кг), Абӯбакр Шеров, Масъуди Аҳмадзод (ҳарду – 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг),  Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг), Аҳлия Муминова (48 кг), Александра Кан (57 кг), Виктория Киселёва (+78 кг).

Аз ҳунарнамоии яке аз ҷудокорони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков умедвориҳои зиёд ҳаст. Ҳамчунин дигар ҷудокорони маъруф Абӯбакр Шеров ва Обид Ҷебов ҳам омодаанд, ки барои ҷоизаҳо мубориза баранд.

Барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок дар Qingdao Grand Prix 2025 на танҳо имкон барои санҷиши қувва пеш аз оғози мусобиқаҳои минтақавӣ, балки имкони дарёфти холҳо дар радабандиҳомии IJF аст. Ин холҳо мустақиман ба тақсими квотаҳо барои Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес таъсир мерасонанд.

Рақобат хеле шадид хоҳад буд: ин мусобиқа маъмулан ҷудокорони пурқувваттаринро гирдиҳам оварда, марҳилаи муҳим барои омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон, инчунин дарёти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2028 маҳсуб меёбад.

Созмондиҳандагон мусобиқа сохтори маъмули серӯзаро нигоҳ доштаанд – рӯзи аввал, 26 сентябр: мардон 60 кг, 66 кг, занон: 48 кг, 52 кг, 57 кг; рӯзи дуюм, 27 сентябр мардон 73 кг, 81 кг, занон 63 кг, 70 кг; рӯзи сеюм, 28 сентябр: мардон 90 кг, 100 кг, +100 кг, занон: 78 кг, +78 кг.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.