Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 августи соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИММИ 28 АВГУСТ

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 1045-солагии Абуалӣ ибни Сино, олим, файласуф ва мунаҷҷими машҳури халқи тоҷик намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Абуалӣ Сино – мутафаккири бузурги халқи тоҷик” идома дорад. Намоишгоҳ 14-уми август ифтитоҳ гардид ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар имкон доранд, ки то 1-уми сентябр аз он боздид кунанд.

Дар намоишгоҳ аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беш аз 80 осори таърихию фарҳангӣ, мисли асарҳои санъати тасвирӣ, кандакорӣ,  рангдонҳои сафолӣ, нуқрагӣ ва биринҷӣ, абзори тиббӣ, сиккаҳои ҷашнӣ, сӯзанӣ, муҷассамаҳои сафолӣ, биринҷӣ, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ ва дигар осори аҳамияти осорхонавидошта, ки инъикосгари ҳаёту рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Абуалӣ ибни Сино мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 28 АВГУСТ

Соли 1992 – Байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон муносибати дипломатӣ барқарор гардид.

Соли 1993 – Дар шаҳри Хоруғ ҳавопаймои Як-40 суқут кард, ки дар натиҷа 82 нафар ҷон бохтанд ва танҳо 4 кас зинда монд. Он бузургтарин фалокати ҳавоӣ дар таърихи Тоҷикистон дониста мешавад.

Соли 2000 –  Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Шоҳзода Оғохони IV, собиқ пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон дар Хоруғ оид ба таъсиси Донишгоҳи байналмилалии Осиёи Марказӣ созишнома имзо карданд.

Соли 2003 – Нахустин ҳавопаймои мусофирбар аз Кобул ба Душанбе парвоз кард.

Соли 2009 – Минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара” таъсис дода шуданд.

Соли 2012 – Яке аз қуллаҳои баланди бе номи қаторкӯҳи Помир, ки аз ҷониби 75 кӯҳнаварди 17 кишвари ҷаҳон фатҳ гардид, “20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном гузошта шуд.

Соли 2015 – Вазорати адлияи Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро боздошт.

Соли 2018 – Боғи фарҳангию фароғатии “Кӯли ҷавонон” баъди навсозӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2022 – Дар ноҳияи Данғара Маҷмааи агросаноатии мурғпарварии ҶДММ “Мармарӣ” ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Зодрӯзи Мансур Бобохонов, донишманди маъруфи илми таърих.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мансур Бобохонов

Мансур Бобохонов хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳои тӯлонӣ, аз соли 1965 то соли 1982 декани факултаи таърих ва филологияи ин донишгоҳ будааст. Баъдан муддати як сол профессори кафедраи таърихи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия буд. То соли 2001 дар ҳамин донишгоҳ раҳбарии факултаи таъриху ҳуқуқ ва равобити байналмилалиро ба ӯҳда дошт.

Мавсуф аз соли 1954 наздики 400 китобу матолиби илмиро дар масоили таърихӣ нашр кардааст.

Ҳамчунин ӯ яке аз пажӯҳгароне аст, ки таърихи тоҷикони ҷаҳонро таҳқиқ намуда, дар ин ришта китобҳои зиёде таълиф намудааст, аз ҷумла “Таърихи тоҷикони ҷаҳон” солҳои гуногун дар таҳрирҳои нав нашр шудааст. Бобохонов инчунин барои мактабҳои миёна ва донишкадаҳои олӣ китобҳои дарсӣ таълиф кардааст.

Мансур Бобохонов, 19-уми июли соли 2012 дар 81-солагӣ даргузашт.

Соли 1957 – Мавлуди Сафар Шосаидзода, китобхонашинос, фарҳангшинос, мушовири директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сафар Шосаидзода

Сафар Шосаидзода яке аз фарҳангиёнест, ки барои рушди бахши китобдорӣ дар кишвар саҳм дорад. Ӯ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, беш аз 20 сол дар ин донишгоҳ ва Коллеҷи кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ дарс гуфтааст.  Як муддат сардори раёсати фарҳанг буд ва баъдан директори Пажӯҳишгоҳи забоншиносӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон (ДБЗХТ) таъин гардид..

Соли 2018 бошад, ёвари ректори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода таъин шуда, то соли 2022 дар ин мансаб буд. Аз 1 январи соли 2023 мушовири директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст.

Сафар Шосаидзода дар таҳияи “Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон”, ки дар марҳилаҳои гуногун қабул гардид, иштирок кардааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 китобу мақолаҳо аст.

Соли 1968 – Муҳаммадҷон Раҳимӣ, шоир ва тарҷумони тоҷик дар 67-солагӣ даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадҷон Раҳимӣ

Муҳаммадҷон Раҳимӣ зодаи Бухоро буда, баъди таҳсил дар мактаби куҳна ва баъди инқилоб солҳо дар  идораҳои молия ва назорат, Артиши Сурх кор кардааст.

Соли 1928 ба рӯзномаи “Тоҷикистони Сурх” ба кор омада, баъди таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ корманди он будааст.

Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои “Достони санъат”, “Марг ба марг, хун ба хун”, “Афсонаи Симурғ”, “Оташи ҷовид” аст. Соли 1942 дар асоси навиштаи ӯ филми ҳунарии “Писари Тоҷикистон” ба навор гирифта шуд.

Ҳамчунин, таҳрири асосии “Луғати тоҷикӣ-русӣ”-ро ӯ анҷом додааст. Ӯ дар ҷамъ беш аз 90 номгӯ асарҳои илмию бадеӣ таълиф кардааст.

Муҳаммадҷон Раҳимӣ 23-юми августи соли 1968 аз олам даргузашт. Ҳоло дар Душанбе осорхонаи ӯ амал мекунад.

Соли 1988 – Зодрӯзи Анвар Иматшозода, раиси ноҳияи Ишкошим, узви Маҷлиси миллӣ.

Соли 2015 – Акбаралӣ Сатторов, рӯзноманигори тоҷик, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар синни 50 даргузашт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акбаралӣ Сатторов

Акбаралӣ Сатторов 10-уми феврали соли 1965 ба дунё омада, соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм кардааст. Аз ҳамон сол ҳамчун мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор оғоз намуда, баъдан дар рӯзномаи “Садои мардум” фаъолият намудааст.

Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Акбаралӣ Сатторов ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раисии Иттифоқи журналистони Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Акбаралӣ Сатторовро яке аз эҳёкунандагони журналистикаи тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳомии журналистони кишвар низ медонанд.

Ӯ 28-уми августи соли 2015 дар синни 50 оламро падруд гуфт. 1-уми сентябри соли 2024, дар “Рӯзи дониш” мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов гузоштанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар ҷаҳон “Рӯзи орзу” ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бо суханронии таърихии Мартин Лютер Кинг, роҳбари ҳаракати ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ки рӯзи 28-уми августи соли 1963 бо шиори машҳури худ “Ман орзу дорам” садо дод, иртибот дорад. Ҳарчанд ин рӯз мақоми расмӣ надорад, аммо маҳз он нутқ боис шуд, ки фаъолони ҷамъиятӣ онро ба як иди ҷаҳонӣ табдил диҳанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мартин Лютер Кинг яке аз муборизони маъруфи ҳуқуқи шаҳрвандӣ буд, ки барои баробарии мардум новобаста аз миллат, нажод, дин ва дигар тааллуқот мубориза мебурд. Ӯ тамоми умр орзуи худро барои баробарии ҳақиқии инсонҳо пуштибонӣ намуд ва ба яке аз рамзҳои асосии мубориза зидди табъизи нажодӣ табдил ёфт.

28-уми августи соли 1937 ширкати автомобилсозии Toyota расман таъсис ёфтааст. Пештар аз он, соли 1924 Сакити Тоёда ном муҳандис дастгоҳи бофандагии автоматии модели “Тоёда G”-ро ихтироъ карда буд. Ин дастгоҳ бо принсипи дзидока кор мекард, яъне агар дар вақти кор мушкиле пеш ояд, худкор бозмемонд. Ин меъёр баъдан ба асоси низоми истеҳсолии “Тойота” табдил ёфт.

Соли 1929 патенти ин дастгоҳ ба як ширкати англисӣ фурӯхта шуд. Маблағи аз он бадастомада ҳамчун сармоя барои оғози истеҳсоли мошинҳо истифода гардид. Дар натиҷа, соли 1933 дар доираи ширкати оилаи Тоёда як бахши махсус барои истеҳсоли мошин ташкил шуд, ки баъдан ба Toyota Motor Corporation табдил ёфт. 28-уми августи соли 1937 ширкат расман ҳамчун ширкати автомобилсозӣ сабт гардид.

“Toyota” имрӯз ба яке аз бузургтарин ва пешсафтарин истеҳсолкунандагони мошин дар ҷаҳон табдил ёфтааст. Ширкат на танҳо мошинҳои сабукрав ва боркаш, балки моделҳои гибридӣ ва барқӣ низ истеҳсол мекунад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 28 АВГУСТИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 17+22º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13º гарм, рӯзона 26+31º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 20+25º гарм, рӯзона 35+40º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 17+22º гарм, рӯзона 30+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанди бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 19+24º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13+18º гарм, рӯзона 31+36º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 14+19º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 37+39º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2+7º гарм, рӯзона 17+22º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанди бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 22+24º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 19+21º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 21+23º гарм, рӯзона 36+38º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...