100 ҳазор сомонӣ мукофот. Додситонии Суғд барои пайдо кардани ду гумонбар дар қатли як сокини Ҷаббор Расулов аз сокинон кумак хост

Додситонии вилояти Суғд бо нашру насби тасвири ду гумонбар дар қатли як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз сокинон хостааст, ки дар пайдо кардани онҳо кумак кунанд. Ҳукумати ноҳия барои пешниҳоди маълумоти аҳамиятнок 100 ҳазор сомонӣ мукофот таъин кардааст. Зариф Абдураҳимов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шаби 26 ба 27-уми июни соли ҷорӣ дар хонааш, дар шоҳидии фарзандонаш […]

Додситонии вилояти Суғд бо нашру насби тасвири ду гумонбар дар қатли як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз сокинон хостааст, ки дар пайдо кардани онҳо кумак кунанд. Ҳукумати ноҳия барои пешниҳоди маълумоти аҳамиятнок 100 ҳазор сомонӣ мукофот таъин кардааст.

Зариф Абдураҳимов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шаби 26 ба 27-уми июни соли ҷорӣ дар хонааш, дар шоҳидии фарзандонаш бо зарби корд кушта шуд ва он замон мақомот гуфта буданд, ки “гиреҳи ҷиноят кушода шуда, тафтишот идома дорад”.

Ҳамакнун, бо гузашти расо ду моҳ аз ин куштор, мақомот эътироф кардаанд, ки гумонбарон то ҳол пайдо ва боздошт нашудаанд ва аз ин лиҳоз, бо нашру насби тасвири гумонбарон дар қатли Зариф Абдураҳимов аз сокинон хостаанд, дар пайдову дастгир кардани онҳо кумак кунанд.

“Дар холати шинохтани шахсони дар акс инъикосёфта, ҷойи қарордошти онҳо ё ин ки доштани дигар маълумотҳои аҳамиятнок доир ба куштор, ҳатман ба гурӯҳи тафтишоти-фаврии прокуратураи вилояти Суғд бо рақамҳои 83422-6-59-20, прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо рақамҳои 83455 2-27-14, 2-26-61, 2-17-45, 90 100 00 09 хабар диҳед”,- зикр мегардад дар варақаи эълоне, ки дар кӯчаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд насб шудааст.

Дар эълон таъкид мешавад, ки “барои пешниҳоди маълумоти аҳамиятнок аз ҷониби МИҲД ноҳияи Ҷаббор Расулов мукофотпулӣ дар ҳаҷми 100 000 сомонӣ таъин карда шудааст”.

 

Мақомот ба сокинон кафолат додаанд, ки ҳар гуна маълумот дар бораи шахси ироакунандаи он, махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Бояд гуфт, 8-уми август Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар шарҳи ин куштор ва раванди тафтиш гуфта буд, ки ин куштор бо мақсади дуздӣ содир шуда, барои ошкор кардани он бо роҳбарии муовини додситони вилоят гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва ба он кормандони додситонӣ, раёсати умури дохилаи вилоят шомиланд. Ӯ эътироф карда буд, ки то ҳол дастандаркорони ин ҷиноят ошкор ва боздошт нашудаанд.

Ёдовар мешавем, ки куштори Зариф Абдураҳимови 38-сола дар шоҳидии фарзандони ноболиғаш ҷомеаро ба даҳшат оварда буд.

Олимбек Юлдошзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов он замон гуфта буд, ки ду нафар барои дуздии пул ба хонаи Зариф Абдураҳимов ворид шуда, дар пеши чашми фарзандонаш ӯро куштаанд ва баъдан фирор намудаанд.

Туйчибой Отамуродзода, муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулхона, ки Зариф Абдураҳимов он ҷо зиндагӣ мекард, гуфта буд, ки “маълум нест, ки ҷинояткорон пул ёфтаанд ё не. Вале даҳони фарзандони 14 ва 16-солаи Зариф Абдураҳимовро бо “скотч” баста, онҳоро бо занҷир латукӯб кардаанд”.

“Ҳолати фарзандон ҳоло хуб буда, таҳти назорат ва табобати духтурҳо қарор доранд”,- зикр карда буд ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.