Дар Душанбе ва Хуҷанд барои супоридани имтиҳони забони русӣ ва таърихи Русия ду маркази нав таъсис медиҳанд

Рӯзи мушаххаси кушодашавии ин марказҳо маълум нест. Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “он рӯзҳои наздик ифтитоҳ мегардад”. Манбаъ гуфт, он аз сӯйи ҳукумати вилояти Томски Русия дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили кишвар танҳо дар намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав – “Маркази сершуғли […]

Шаҳноза Ализода, Asia-Plus

Рӯзи мушаххаси кушодашавии ин марказҳо маълум нест. Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки “он рӯзҳои наздик ифтитоҳ мегардад”.

Манбаъ гуфт, он аз сӯйи ҳукумати вилояти Томски Русия дар назди Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили кишвар танҳо дар намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав – “Маркази сершуғли муҳоҷират”, ки дар Душанбе аст, метавонанд аз забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия имтиҳон супоранд ва пеш аз сафар ба Русия соҳиби гувоҳинома (сертификат) шаванд.

Аз Хадамот гуфтанд, сабаби кушодашавии ду маркази дигар, муроҷиати зиёди сокинон ба намояндагии “Маркази сершуғли муҳоҷират” мебошад, ки дар пайи он аксаран навбатпоӣ мешавад.

“Аз ин лиҳоз, тасмим гирифта шуд, ки ду маркази дигари имтиҳонсупорӣ кушода шавад. Имтиҳонсупорӣ тариқи онлайн баргузор мегардад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Тибқи муқаррароти Русия, муҳоҷирон барои дарёфти ҳаққи кор (гирифтани патент) ва иқомати муваққатӣ ва иҷозаи зист дар ин кишвар бояд аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд.

Муҳлати гувоҳномаи забондонӣ барои гирифтани патент 3 сол ва барои иқомати муваққатӣ ва иҷозаи зист 5 сол мебошад. Тибқи маълумоти охир, дар соли 2024-ум супоридани имтиҳони забони русӣ ва таъриху қонунгузҳории Русия барои гирифтани иҷозаи кор 3800 рубл (муодил ба 450 сомонӣ) ва барои Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) 5900 рубл (беш аз 700 сомонӣ) арзиш дорад.

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2022 дар Душанбе намояндагии Муассисаи давлатии буҷавии шаҳри Маскав “Маркази сершуғли муҳоҷират” дар Тоҷикистон боз шуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба Русия барои кор раванд, метавонанд, дар ин марказ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супоранд ва соҳиби гувоҳнома шаванд.

Қаблан, Вазорати маорифи Русия хабар дода буд, ки шуруъ аз соли 2026 муҳоҷирон дар Русия аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба таври фосилавӣ имтиҳон месупоранд. 

Моҳи майи соли 2023 аввалин маротиба шаҳрвандони кишвар аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон супориданд ва гувоҳинома гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон аз забони русӣ ба буҷаи Русия 2,5 миллиард рубл ворид кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио