Русия дар Тоҷикистон минтақаи саноатӣ бунёд мекунад

Соли 2026 сохтмони аввалин минтақаи саноатии Русия дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба директори департаменти ҳамкории байнулмилалии Вазорати саноат ва савдои Русия Дмитрий Кусков хабар медиҳад. Аллакай дар ҳамон сол майдони саноатӣ метавонад аввалин резидент (корхона ё худ ширкат)-ро қабул кунад. Ба гуфтаи мансабдор, ҷониби Русия ба ҷалби корхонаҳо […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2026 сохтмони аввалин минтақаи саноатии Русия дар Тоҷикистон оғоз мешавад. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба директори департаменти ҳамкории байнулмилалии Вазорати саноат ва савдои Русия Дмитрий Кусков хабар медиҳад.

Аллакай дар ҳамон сол майдони саноатӣ метавонад аввалин резидент (корхона ё худ ширкат)-ро қабул кунад. Ба гуфтаи мансабдор, ҷониби Русия ба ҷалби корхонаҳо ҳанӯз то оғози сохтмон омода аст.

“Мо аллакай аз ҳозир ба кор бо ширкатҳо омода буда, онҳоро даъват мекунем, то ки барои онҳо зерсохтор бунёд кунем”, – зикр кардааст Кусков.

Бунёди минтақаи саноатӣ дар Тоҷикистон моҳи марти соли 2023 дар ҷараёни сафари президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав мувофиқа шуда буд. Он замон дар созишномаи байниҳукуматӣ ҷойгиркунии корхонаҳои соҳаи саноати кимиё, мошинсозӣ ва саноати сабук дар ин минтақа пешбинӣ шуда буд.

Идеяи бунёди минтақаи саноатӣ дар Душанбе бори нахуст моҳи апрели соли 2023 зимни сафари ҳайати ҳукумати Русия таҳти сарварии муовини сарвазир садо дода буд. Он замон вазири саноати Русия Денис Мантуров аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуда, ширкати “Химград” барои амалисозии лоиҳа омодагӣ изҳор кард.

Қаблан зикр гардида буд, ки 29 июли соли равон дар Душанбе амалисозии лоиҳаи Парки индустриалии Русия ва Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати саноат ва савдои Русия оғоз шуд. Майдони сохтмон қаламрави собиқ корхонаи “Коргоҳи мошинсозӣ” бо масоҳати 9,3 гектар интихоб шуд.

Дар пойгоҳи нави индустриалӣ рушди саноати сабук, мошинсозӣ ва дастгоҳсозӣ, истеҳсоли таҷҳизоти тиббӣ ва электротехникӣ, инчунин соҳаи кимиё ба нақша гирифта шудааст. Рушди дастрасӣ аз лиҳози равуои нақлиёт – шоҳроҳи автомобилгарди М41, роҳи оҳан ва фурудгоҳ, мавҷуд будани зерсохтори мутамарказ ва захираҳои корӣ аз афзалиятҳои қаламрав арзёбӣ гардида буд.

Моҳи майи соли 2024 дар форуми “Русия- Ҷаҳони ислом: KazanForum” намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренко тасдиқ намуд, ки майдон барои парк аллакай дар маркази Душанбе интихоб шудааст. Ҳамчунин қаламравҳои собиқ корхонаҳои шӯравӣ, ки дар онҳо биноҳои истеҳсолӣ ва зерсохтори коршоям барои таъмиру навсозӣ боқӣ монда буданд, низ баррасӣ шуда буданд.

Имрӯз дар Душанбе якчанд минтақаҳои саноатӣ, аз ҷумла дар Душанбе ва Хуҷанд, инчунин 5 минтақаи озоди иқтисодӣ амал мекунанд. Лоиҳаи нав бояд ба ин низом илова шуда, ҷиҳати густариши бештари ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия заминаи нав фароҳам оварад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.