Мактаби “Сомониён” иҷозатномаи фаъолият гирифтааст. Таҳсили беш аз 500 афғонистонӣ дар бинои сафорат

Мактаби “Сомониён”, ягона мактаби муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, дубора фаъолияташро оғоз кардааст. Дар ин бора аз Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Қаблан, масъулини тоҷик мегуфтанд, ин мактаб як сол ғайриқонунӣ фаъолият дорад. Ба гуфтаи манбаъ, мактаби “Сомониён” ахиран тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолиятро ба даст […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мактаби “Сомониён”, ягона мактаби муҳоҷирону паноҳандагони Афғонистон дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифта, дубора фаъолияташро оғоз кардааст. Дар ин бора аз Сафорати ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд. Қаблан, масъулини тоҷик мегуфтанд, ин мактаб як сол ғайриқонунӣ фаъолият дорад.

Ба гуфтаи манбаъ, мактаби “Сомониён” ахиран тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолиятро ба даст овардааст ва акнун қонунӣ фаъолияташро идома дода истодааст.

“Ҳоло беш аз 500 нафар фарзандони паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар се синфхона дар бинои Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон тадрис доранд. Тибқи гуфтаи Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон, дарс аз 30-юми август оғоз шуд, дар ин рӯз мо занги мактаб доштем”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Бояд гуфт, ки муҳлати иҷозатномаи фаъолияти мактаби “Сомонииён” 17-уми октябри соли 2024 ба охир расида буд.

Охири моҳи июли имсол Муҳаммадтоир Саидзода, раҳбари Оҷонсии назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон гуфт, ки мактаби “Сомониён” бидуни иҷозатнома фаъолият дорад.

“Дар робита ба фаъолияти мактаби “Сомониён” бо Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мулоқот доштем. Дар он вохӯрӣ дар мавриди ҳалли баъзе масъалаҳо пешниҳод додем. Дар асоси он мувофиқае, ки ба даст оварда будем, онҳо бояд ба Агентӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат мекарданд, вале дигар муроҷиат накарданд. Аммо барои дарёфти иҷозатномаи идомаи фаъолияти мактаб бояд муроҷиат кунанд”, – изҳор дошта буд Саидзода.

Қаблан, аз Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф гуфта буданд, ки яке аз мушкилиҳои дигари мактаби мазкурро ба санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки бояд пешниҳод шаванд, рабт дода буд.

Имрӯз аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон дар ин робита ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки “ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима ва иҷозатномаи фаъолиятро гирифтем, монеае барои фаъолият нест”.

Мактаби “Сомониён” соли 2001 дар Душанбе таъсис ёфт. Дар ин мактаб то замони қудратро ба даст гирифтани “Толибон”* дар Афғонистон фарзандони муҳоҷирону ин кишвар таълим мегирифтанд. Худи мактаб бошад, мувофиқи меъёри Вазорати маорифи Афғонистон фаъолият мекард. Ҳамчунин, пули иҷораи мактабро ин вазорат пардохт мекард.

Аммо пас аз дубора ба қудрат баргаштани “Толибон” мактаби мазкур ба мушкилоти молиявӣ дучор шуд. Маблағи иҷораи онро Сафорати Амрико дар Тоҷикистон то моҳи феврали соли 2024 пардохта буд. Баъди он мактаб ба далели қарздорӣ аз соҳибмулки бинои қаблиаш– Ҷамъияти саҳҳомии “Равғани тоҷик” ба бинои Сафорати Афғонистон кӯчид.

Ноҷия Зоҳир, мудири мактаби мазкур гуфта буд, ки ин мактаб 11 ҳазор доллари амрикоӣ қарздор аст. Зоҳир Ағбар ваъда дода буд, ки қарзи мактаб пеши соҳибмулки қаблӣ ҳал хоҳад шуд.

Ӯ қаблан гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон ваъда кардааст, барои мактаб ҷойи мушаххасеро ҷудо мекунанд. Аммо, ба гуфтаи сафир, ин кор вақт мехоҳад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.