spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022

Имрӯз, 24 июн дар Минтақаи марказӣ марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 оғоз мешавад.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дастаҳои КМВА (ЦСКА,  (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) дар ин мусобиқоти бошукӯҳи бошгоҳии Осиё ширкат мекунанд.

Гуфта мешавад, дар гурӯҳи «Е» рақибони барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар гурӯҳи «F» ноибқаҳрамони Тоҷикистон «Хуҷанд» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо қаҳрамони Қирғизистон «Дордой» ва барандаи Ҷоми Туркманистон «Копетдаг» мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳои ин гурӯҳро Бишкек мизбонӣ мекунад.

Зикр мегардад, ки -олибони гурӯҳҳо дар марҳилаи финалии минтақавӣ вомехӯранд, ки барандаи он 100 ҳазор доллари ИМА мегирад.

Ҷоми КФО- 2022

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

Иштирокчиён: «Суғдиёна» (Ӯзбекистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Алтин Асир» (Туркманистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)

22:00 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Ӯзбекистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «Сугдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»

Иштирокчиён: «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдаг» (Туркманистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Копетдаг» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Дордой» (Қирғизистон) – «Копетдаг» (Туркманистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...