Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 сентябри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ 5 СЕНТЯБР

– Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Дар ҷараёни он самтҳои калидии ҳамкории иқтисодӣ, рақамисозӣ ва рушди навоварии минтақа баррасӣ мешаванд.

Иштирокчиёни ҷаласа роҳҳои бартараф намудани монеъаҳои тиҷоратӣ, буҷети ягонаи мақомоти ИДМ барои соли 2026 ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

– Ба муносибати Рӯзи китоб, имрӯз низ “Рӯзи дарҳои боз” дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад. Он дирӯз, 4-уми сентябр оғоз шуда буд. Давоми ду рӯз меҳмонон имкон доранд, то бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии “Аз давра ба давра, аз дида ба дида” ва толорҳои хониши китобхона боздид кунанд.

– Дар “Serena Art Gallery” намоишгоҳи шахсии Сорбон Шифоев, мусаввири тоҷик таҳти унвони “Ногуфтаҳо” идома дорад. Намоишгоҳ то 24-уми сентябр давом мекунад ва меҳмонону сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар ин рӯзҳо асарҳои мусаввирро боздид кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 СЕНТЯБР

Соли 1941 – Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ ифтитоҳ ёфт.

Соли 2002 – Дар Душанбе машъали рамзии оғози Бозиҳои осиёӣ афрӯхта шуд. Ин бозиҳо аз 29-уми сентябр то 14-уми октябр дар шаҳри Пусани Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардиданд.

Соли 2011 – Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод агрегати аввали неругоҳи “Сангтӯда-2”-ро ба кор дароварданд.

Соли 2012 – Дар натиҷаи сӯхтор дар бузургтарин бозори Душанбе – “Корвон” ду мард ва як зан ба ҳалокат расиданд.

Соли 2012 – Парлумони Тоҷикистон Кодекси нави андозро қабул намуд.

Соли 2014 – Маҷмааи бузурги савдои “Пойтахт-90” (ҳоло бозори “Меҳргон”) ифтитоҳ гардид.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат, ки чанд рӯз пеш дар ин ҷо ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи пулис рух дода буд, ба бунёди бинои нави шуъба санги асос гузошт.

Соли 2018 – Дар Душанбе нахустин роҳи сесатҳа (эстакада) дар Тоҷикистон, ки дар маҳаллаи 82-уми пойтахт воқеъ буд, боз шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2020 – Дар ноҳияи Данғара як мард барои таҷовуз ба духтари худ ба 25 соли зиндон маҳкум шуд..

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1941 – Мавлуди Ҳомид Пулодов, файласуф, докторӣ илмҳои фалсафа.

Соли 1952– Зодрӯзи Гузел Майтдинова, таърихшинос, устоди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.

Соли 1958 – Зодрӯзи Ҳалима Алибоева, балеринаи тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Соли 1978 – Зодрӯзи Хуршед Мустафоев, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Хуршед Мустафоев

Хуршед Мустафоев соли 1999 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм намуда, фаъолияти эҷодии худро дар театри “Аҳорун” оғоз кардааст.

Аз соли 2002 Мустафоев дар Театри русии ба номи Владимир Маяковский ба ҳунарнамоӣ пардохта, бо нақшофариҳои ҷолибаш шуҳрат ёфтааст.

Дар ҷашнвораи “Парасту”-и соли 2018 барои иҷрои нақши Шайтон дар намоиши “Гуноҳи Қобил” Хуршед Мустафоев ба унвони беҳтарин иҷрокунандаи нақши лаҳзавӣ муаррифӣ шуд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хайриявӣ таҷлил мешавад. Он бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2013 таъсис ёфта, ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба кори созмонҳои хайриявӣ ва шахсони алоҳидаест, ки бо корҳои некӯкоронаашон ба мубориза бар зидди камбизоатӣ ва рафъи буҳронҳои башардӯстона саҳм мегузоранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин рӯз мардумро ташвиқ мекунанд, ки ба корҳои хайр даст зананд ва ба эҳтиёҷмандон ёрӣ расонанд.

5 сентябри соли 1972 дар Олимпиадаи Мюнхен аз ҷониби аъзои як созмони радикалӣ ҳамлаи террористӣ сурат гирифт. Ҳашт тан аз ҷангҷӯёни гурӯҳи "Сентябри сиёҳ" ба қароргоҳи ҳайати Исроил дар деҳаи олимпии Мюнхен зада даромада, ду варзишгарро дар ҷои ҳодиса парронданд ва 9 нафари дигарро гаравгон гирифтанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Террористхо талаб карданд, ки аъзоён-маҳбусони "Ташкилоти озодкунандаи Фаластин" дар зиндонҳои Исроил ва Аврупо озод карда шаванд. Хукумати Голда Меир аз иҷрои ин шартҳо даст кашид.

Дар натиҷа, 11 узви тими олимпии Исроил (4 мураббӣ, 5 иштирокчии мусобиқа ва 2 довар) қурбонии ҳамла шуданд. Дар пайи тирпарронӣ 5 тан аз ҷангҷӯён кушта шуда, 3 нафари боқимонда аз ҷониби пулис боздошт шуданд.

5-уми сентябри соли 1982 нахустин робитаи мустақими телевизионӣ миёни Маскав ва Лос-Анҷелес сурат гирифт. Ин барнома ҳазорон нафарро дар ду қитъа ба ҳам пайваст: аз як тараф 250 ҳазор ҷавон дар фестивали “Мо” дар наздикии Лос-Анҷелес ва аз ҷониби дигар ҷавонон дар барномаи “Останкино” иштирок карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Онҳо метавонистанд якдигарро бубинанд, суол диҳанд, ҷавоб шунаванд ва ҳатто мубодилаи мусиқӣ кунанд. Ин идея аз ҷониби Стив Возняк, ҳаммуассиси ширкати “Apple Computer” ба даст гирифта шуд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ5 СЕНТБЯРИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20º гарм, рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм, рӯзона 23+28º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 33+38º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм, рӯзона 27+32º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 16+21º гарм, рӯзона 32+37º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11+16º гарм, рӯзона 30+35º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 21+23º гарм, рӯзона 31+36º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм, рӯзона 15+20º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 34+36º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 18+20º гарм, рӯзона 33+35º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш. Ҳарорат: шабона 17+19º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 13+15º гарм, рӯзона 31+33º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...