Вазорати маориф ва илм гуфт, ки хонандагону донишҷӯён дар ҷашни истиқлол чанд рӯз истироҳат мекунанд

Хонандагони синфҳои болоӣ (аз 5 то 11) ва донишҷӯён ба муносибати ҷашни истиқлол рӯзҳои 7-ум ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Вале рӯзи душанбеи 8-уми сентябр барои онҳо рӯзи дарсӣ аст. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ (аз 1 то 4) ва таълимгирандагони кӯдакистонҳо бошад, се рӯз пайдарпай – 7, 8, ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Дарсҳои рӯзи 8-уми […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Хонандагони синфҳои болоӣ (аз 5 то 11) ва донишҷӯён ба муносибати ҷашни истиқлол рӯзҳои 7-ум ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Вале рӯзи душанбеи 8-уми сентябр барои онҳо рӯзи дарсӣ аст.

Хонандагони синфҳои ибтидоӣ (аз 1 то 4) ва таълимгирандагони кӯдакистонҳо бошад, се рӯз пайдарпай – 7, 8, ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Дарсҳои рӯзи 8-уми сентябри онҳо ба 6-уми сентябр интиқол шуд.

Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, барои кормандони соҳаи маориф ва илм, ки дар як ҳафта 5 рӯз кор мекунанд, рӯзҳои 7, 8 ва 9-уми сентябр таътил эълон шудааст. Нафароне, ки 6 рӯзи корӣ дар ҳафта барояшон муайян шудааст, рӯзи душанбе, 8-уми сентябр, бояд ба кор бароянд.

Имсол ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, сокинони кишвар, ки реҷаи 5-рӯзаи корӣ дар ҳафта доранд, се рӯз пайиҳам – 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Имсол аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикитсон 34 сол пур мешавад.

Бояд гуфт, ки имсол чорабинии асосӣ ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар вилоятҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.