Трамп: Роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ба Кохи Сафед бармегарданд, то бори дигар поёни ҷанг дар Украина баррасӣ гардад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби якшанбе, 7-уми сентябр, гуфт, “раҳбарони Аврупо рӯзи душанбе ё сешанбе бори дигар ба Вашингтон сафар карда, роҳҳои хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ хоҳанд кард”. Дар ин бора BBC хабар медиҳад. Аммо ӯ мушаххасан аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ном набурд ва маълум нест, ки кадоме аз онҳо ба Вашингтон мераванд. Доналд […]

Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шаби якшанбе, 7-уми сентябр, гуфт, “раҳбарони Аврупо рӯзи душанбе ё сешанбе бори дигар ба Вашингтон сафар карда, роҳҳои хатми ҷанг дар Украинаро баррасӣ хоҳанд кард”. Дар ин бора BBC хабар медиҳад.

Аммо ӯ мушаххасан аз роҳбарони кишварҳои аврупоӣ ном набурд ва маълум нест, ки кадоме аз онҳо ба Вашингтон мераванд.

Доналд Трамп зикр кард, ки ба зудӣ бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳам тамоси телефонӣ хоҳад дошт ва таъкид намуд, ки маъмурияти ӯ омода аст марҳилаи дуввуми таҳримҳои зидди Маскавро амалӣ кунад.

Раисҷумҳурри Амрико шарҳ надод, ки марҳилаи дуввуми таҳримҳо кадом бахшҳоро фаро мегиранд. Аммо қаблан президенти Амрико гуфта буд, ки дар сурати ба даст наомадани пешравӣ дар музокироти сулҳ дар Украина, алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад.

Пас аз аз мулоқот бо президенти Русия, Владимир Путин дар Аляска рӯзи 15-уми сентябр, Трамп гуфта буд, ки ду ҳафта мунтазири мавқеи Маскав мемонад ва баъд тасмим хоҳад гирифт.

Бори охир Трамп бо роҳбарони кишварҳои аврупоӣ 3 рӯз пеш, баъди анҷоми ҷаласаи гурӯҳи ба номи “Эътилофи ирода ё хоҳишмандон” гуфтугӯи телефонӣ дошт. Ба қавли як мақоми ҳукумати Амрико, Доналд Трамп зоҳиран ба ҳомиёни калидии Украина бо лаҳни сахте гуфтааст, ки ба Русия ва муттаҳиди аслии он Чин фишори молии бештарро ворид кунанд, то Маскав ба хатми ҷанг дар Украина маҷбур шавад. Ӯ таъкид кардааст, ки Аврупо бояд хариди нафт аз Русияро, ки пули ҷангро таъмин мекунад, қатъ кунад, зеро Русия дар як сол 1.1 миллиард евро аз ҳисоби фурӯши маводи сӯхт аз Аврупо ба даст овардааст.

Пештар аз ин, 18-уми август, Трамп бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, Кир Стармер, нахуствазири Британияи Кабир, Ҷорҷа Мелонӣ, нахуствазири Италия, Александр Стубб, раисҷумҳури Финландия, Урсула фон дер Ляйен, роҳбари Комиссияи Аврупо ва Марк Рютте, дабири кулли НАТО мулоқоти бисёрҷониба доир карда буд. Дар он мулоқот низ роҳҳои хатми ҷанг дар Украина баррасӣ шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио