Сармураббии тими миллии Тоҷикистон аз вазифа барканор шуд

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) эълон кард, ки ситоди мураббиҳои тимҳои миллӣ ва олимпии кишвар, аз ҷумла, Гела Шекиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Леван Хомерики, сармураббии тими миллии олимпии кишвар аз вазифа озод шудаанд. Ин ниҳод имрӯз, 10-уми сентябр, гуфт, пас аз “баромади ғайриқаноатбахш”-и тими миллӣ дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025”, ки дастаи мо дар […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) эълон кард, ки ситоди мураббиҳои тимҳои миллӣ ва олимпии кишвар, аз ҷумла, Гела Шекиладзе, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Леван Хомерики, сармураббии тими миллии олимпии кишвар аз вазифа озод шудаанд.

Ин ниҳод имрӯз, 10-уми сентябр, гуфт, пас аз “баромади ғайриқаноатбахш”-и тими миллӣ дар мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025”, ки дастаи мо дар майдони худ натавонист аз гурӯҳ барояд, шартномаи ҳамкорӣ бо Гела Шекиладзеро пеш аз муҳлат қатъ кардааст.

Мусобиқаи Ҷоми миллатҳои “CAFA-2025” аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Тими миллии бо шикаст аз Ҳиндустон, ғалаба бар Афғонистон ва мусовӣ дар баробари Эрон, 4 хол касб карда, аз гурӯҳ берун баромада натавонист.

Баъди ин бебарорӣ мухлисони футболи меҳан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз кори сармураббии даста, махсусан дар интихоби нодурусти ҳайат, сахт нигаронӣ ва интиқод карданд. Бархе аз мухлисон тақозо доштанд, ки мураббӣ иваз шавад, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки ин мушкили печидаи футболи тоҷикро ҳал намекунад.

Ҳамчунин, ФФТ имрӯз эълон кард, ки тасмим гирифт, ки пас аз баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, шартномаи ҳамкориро бо Леван Хомерики тамдид накунад. Бояд гуфт, тими миллии олимпии кишвар зери роҳбарии ин мутахасси ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфта натавонист.

Бозиҳои дастаи мо, ки дар гурӯҳи “К” ҷойгир буд, дар Душанбе сурат гирифт. Вале мизбонӣ марҳилаи интихобии ин гурӯҳ будан ҳам ба тими миллии то 23-солаҳои Тоҷикистон кумак накард, то ба Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гиранд. Дар ин ҷо ҳам мухлисон аз кори мутахассиси дигари гурҷӣ Леван Хомерики интиқод карда, талаби барканорияшро доштанд.

Федератсияи футболи кишвар изҳор доштааст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунад, ки роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик онро тасдиқ хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 0,46 кг партови сахт ба як нафар дар як рӯз ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.