Сӯхтор дар як биноҳои баландошёнаи Душанбе. Мақомот онро шарҳ доданд

Имрӯз, 11-уми сентябр, дар як бинои баландошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Синои дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар задааст. Навори сӯхтор нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард. Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 12:37 дар бинои баланошёна воқеъ дар кӯчаи  Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Имрӯз, 11-уми сентябр, дар як бинои баландошёнаи истиқоматӣ, воқеъ дар ноҳияи Синои дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар задааст. Навори сӯхтор нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, ки таваҷҷуҳи корбаронро ҷалб кард.

Аз Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сӯхтор соати 12:37 дар бинои баланошёна воқеъ дар кӯчаи  Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар пешайвони ошёнаи ҳафтуми бинои истиқоматӣ, тахминан масоҳати 10 метри мураббаъро фаро гирифтааст.

Аз ин ниҳод гуфтанд, ки кормандони оташнишонӣ нахуст сокинони биноро аз минтақаи оташгирифта наҷот дода, сипас сӯхторро хомӯш кардаанд.

“Сӯхтор бо истифодаи 5 адад нақлиёти оташнишонӣ то соати 13:32 дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Сабаб ва зарари ҳодисаи сӯхтор аз ҷониби мутахассисони соҳа муайян карда мешавад. Дар натиҷаи сӯхтор ягон нафар осеб надидааст”,-гуфтанд аз ин ниҳод.

Дар навори сӯхтор, ки нахуст дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, дида мешавад, ки як ошёнаи бинои баландошёна оташ гирифта, шуълаҳои он ба дигар ошёнаҳо низ мерасад.

Бояд гуфт, ки оташ гирифтани биноҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе солҳои ахир зиёд иттифоқ меафтад, ки мақомот аксаран сабаби онро расиши ноқил ё аз беэҳтиётии худи сокинон унвон медиҳанд.

Аз ҷумла, шоми 8-уми апрели соли ҷорӣ дар яке аз биноҳои 12-ошёнаи кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур сӯхтор сар зад. Он замон ду корманди қаҳвахонаи “Ланджоу”, ки дар ошёнаи якуми ин бино ҷойгир аст, то омадани кормандони сӯхторхомӯшкунӣ сокинонро аз коми оташ наҷот доданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.