Дар Душанбе нахустин ҳосписи кӯдаконаи “Тасалло” барои беморони гирифтори саратон боз шуд

Дар Тоҷикистон аввалин шуъбаи муроқибати таскинӣ (ҳоспис) барои кӯдакони гирифтори бемории саратон ба кор оғоз кард, хабар медиҳад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ. Ин шуъба бо номи “Тасалло” дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад. Дар маросим ифттитоҳи он муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саломиддин Юсуфӣ, директори […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон аввалин шуъбаи муроқибати таскинӣ (ҳоспис) барои кӯдакони гирифтори бемории саратон ба кор оғоз кард, хабар медиҳад, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ин шуъба бо номи “Тасалло” дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Дар маросим ифттитоҳи он муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саломиддин Юсуфӣ, директори Бунёди хайрияи «Лона» Ҷӯрахон Бобохонов, директори Маркази саратоншиносӣ Акбар Муродзода ва кормандони соҳа иштирок доштанд.

Шуъбаи муроқибати таскинӣ бо ташаббуси муассиси Бунёди "Лона" Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи раисҷумҳур ва дастгирии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. Он барои расонидани ёрии паллиативӣ ба кӯдакони гирифтори саратони марҳилаи IV пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи директори Маркази саратоншиносӣ, шӯъбаи “Тасалло” ба ҳар як бемор ҳатто дар марҳилаҳои вазнинтарин на танҳо табобат, балки оромиш, дастгирӣ ва эҳтироми инсониро таъмин менамояд.

Ҳуҷраҳои шуъба бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои кӯдакон ва хонаводаи онҳо шароити мусоиди дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, равонӣ ва маънавӣ фароҳам оварда шудааст.

 

Гуфта мешавад, ки аҳамияти шуъбаи муроқибати таскинӣ “Тасалло” дар таҳкими низоми кумаки паллиативӣ ба кӯдакон дар Тоҷикистон хеле бузург аст ва он нишонаи садоқат ба арзишҳои башардӯстона маҳсуб ёфта, саҳми худро дар рушди низоми тандурустии кишвар мегузорад.

Ёдовар мешавем, ки Фонди хайриявии “Лона” соли 2009 таъсис ёфта, фаъолияташ ба кӯмак ба кӯдакони мубтало ба бемориҳои саратонӣ ва сӯхтагӣ равона гардидааст.

Шуъбаи муроқибати таскинӣ — муассисаи будубоши доимӣ ва рӯзонаи беморони гирифтори бемориҳои сангин аст, ки дар байни ҳаёт ва марг, аксар вақт давоми шаш моҳи охири ҳаёт қарор доранд.

Бояд гуфт, ки дар аксари мавридҳо шуъбаи муроқибати таскинӣ  ва шӯъбаҳои ёрии паллиативӣ дар кишварҳои ИДМ дар муассисаҳои давлатӣ фаъол буда, дар бахши хусусӣ хеле кам аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.